10 ОЛИМПИАДА АЗ ФАНҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ

13-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, № 1445 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҷиҳати ба роҳ мондани олимпиадаҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ низомномаҳои олимпиадаҳо аз фанҳои дақиқ таҳия ва дар мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Айни замон аз 21 олимпиадае, ки дар ҷумҳурӣ доир мегардад, 10 олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ мебошад.
Бо мақсади омода намудани хонандагони болаёқат ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз 2 то 10 январи соли 2020 аз ҷониби Марказ курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, хонандагон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таълим фаро гирифта шуданд.
Рӯзҳои 1-2 ва 8-9 феврал даври минтақавии Олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 9-10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар мактаби 1 ноҳияи Рашт ва Мактаби Президентии шаҳри Ҳисор баргузор гардиданд.
Дар олимпиадаи мазкур хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат шаҳри Ҳисор бо гирифтани 47 ҷойи ифтихорӣ (11 ҷойи якум, 23 ҷойи дуюм, 13 ҷойи сеюм) соҳиби ҷойи аввал, хонандагони Муассисаи таълимии хусусии литсейи “Эҳсон” бо гирифтани 40 ҷойи ифтихорӣ (8 ҷойи якум, 18 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм) соҳиби ҷойи дуюм ва Литсейи Президентии шаҳри Турсунзода бо гирифтани 25 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи якум, 9 ҷойи дуюм, 12 ҷойи сеюм) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, рӯзҳои 15-16 феврали соли 2020 дар Мактаби Президентии шаҳри Ҳисор даври минтақавии Олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ баргузор гардид.
Дар Олимпиадаи мазкур хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи аввал, хонандагони Литсейи Президентии шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи дуюм, хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Рӯзҳои 22-23 феврал дар Литсейи барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври минтақавии Олимпиадаи даставӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, Олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ барои синфҳои 9-10, Олимпиадаи «Spelling Bee» аз фанни забони англисӣ ва Олимпиада оид ба Шоҳмот баргузор карда шуд.
Дар олимпиадаҳои мазкур 594 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеъ иштирок намуда, 99 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба 24 нафар хонанда ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои «Spelling Bee» ва шоҳмот роҳхат дода шуд.
Дар даври минтақавии Oлимпиадаи «Spelling Bee» 55 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеъ иштирок намуда, тибқи низомномаи олимпиадаи мазкур 12 нафар хонанда ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфт. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони ноҳияҳои Лахш, Рашт, Сангвор, Нуробод, Роғун ва Варзоб иштирок накарданд. Ҳолати мазкур соли гузашта низ мушоҳида гардида буд. Пас маълум мегардад, ки омӯзиши забони англисӣ дар ин ноҳияҳо хуб ба роҳ монда нашудааст.
Хонандагони кишвар баробари мувафаққиятҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Моҳи январи сори ҷорӣ хонандагони кишвар дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутиковӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ, баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар Олимпиадаи мазкур, ки 82 даста (640 нафар хонанда) аз 20 кишварҳои дунё иштирок доштанд, хонандагони кишвар, сазовори 12 медал (2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) гардиданд.
Хонандагони ҷумҳурӣ аз 13 то 18 марти соли 2020, дар 5-умин Олимпиадаи математикии Кавказ «СМО 2020», ки дар шаҳри Майкопеи Ҷумҳурии Адигеяи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуда, хонандаи синфи 9 Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе соҳиби медали тилло ва ҷоизаи махсуси кумитаи тадорукот гардид.