10-СОЛАГИИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ТАҶЛИЛ ГАРДИД

22-12-2020
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва омӯзгорону донишҷӯён 10-солагии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҷлил гардид. 
Чорабиниро директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҷлили 10-солагии таъсисёбии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иттифоқ афтодааст. Инчунин, дар идома зикр кард, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ҳамчун самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат қабул гашта, дар соҳа марҳила ба марҳила як қатор ислоҳоти муҳими аҳамияти стратегидошта амалӣ шуда истодаанд. Иқдоми Пешвои муаззами миллат доир ба эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” аз ҷумлаи чунин ислоҳот ба шумор рафта, ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст. Бо назардошти рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва таъмини онҳо бо мутахассисони соҳибкасб соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд. Таъсисёбии донишкада яке аз дастовардҳои даврони истиқлол дар соҳаи маорифи кишвар маҳсуб ёфта, ҳадафи асосии он таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ арзёбӣ карда шудааст. Раёсат ва ҳайати омӯзгорони донишкада баҳри амалӣ намудани ин ҳадаф тавассути баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунонии технологияҳои муосири иттилоотиву муҳандисӣ, такмили сатҳи забондонии донишҷӯён пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар амалӣ гаштани ҳадаф ва вазифаҳои донишкада дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамеша эҳсос карда мешавад.
Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, номаи табрикотии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Хуҷандро ба самъи ҳозирин расонида, ҳамзамон, доир ба роҳи тайкардаи донишкада ва дастовардҳои он андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки воқеан, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар руши иқтисодиёти вилояти Суғд ҳиссагузор буда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳоро бо мутахассисони соҳаи энергетика ва нақлиёт, саноати сабук ва хӯрока, сохтмон ва меъморӣ, барномарезӣ таъмин менамояд. Дар донишкада дар тӯли 10 соли охир зиёда аз 9000 мутахассисони соҳибкасб омода карда шуда, онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят ва берун аз он фаъолият мебаранд.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар тӯли беш аз 10 соли фаъолияти хеш дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси риштаҳои барномарезӣ, телекоммуникатсия, энергетика, нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, агротехнология, технологияи маҳсулоти хӯрока, иқтисодиёт ва молия ба муваффақиятҳои беназир соҳиб гардида, донишкадаи навовар ва пешоҳанг дар ҷомеаи навини соҳибистиқлол шинохта шудааст.
- Сарвари давлат зимни ифтитоҳи Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза” дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми муарррифии Стратегияи рушди иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2020-2030 аз натиҷаҳои дастуру ҳидоятҳои худ вобаста ба рушди илмҳои техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар коргоҳҳо пурсон гардида, ба дастовардҳои илмиву техникии Донишкадаи политехникиии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳои баланд доданд,-қайд кард Д.Саидӣ. – Ҳамзамон, барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти донишкада кӯшишҳои зиёд ба самар медиҳанд. Махсусан, дастовардҳои донишкада дар ҷодаи тарбияи кадрҳои соҳаи барномарезӣ шоистаи зикр аст. Устодон ва шогирдони донишкада бо ташкилоту муассисаҳои вилоят дар ин ҷода алоқаи зич доранд. Ба ғайр аз таъсиси сомонаҳо ва татбиқи ҳукумати электронӣ, дар амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар шабакаи байналмилалии интернет саҳми калон дошта, бо ширкати бонуфузи “Майкрософт” ҳамкории зич доранд. Натиҷаи тадқиқоти илмии олимони ҷавони донишкада дар истеҳсолот ва ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон васеъ истифода мешавад. Масалан, системаи қабули пардохтҳо тавассути терминали худхизматрасон (Express Pay), системаҳои автоматишудаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе ҳосили заҳматҳои барномасозони донишкада мебошад. Илова бар ин, устодон ва донишҷӯёни донишкада роҳҳои нави истеҳсоли нерӯи барқро ихтироъ кардаанд, ки айни ҳол ин навовариҳо дар ҳоли коркард қарор доранд. Умуман, дар ду соли охир донишкада соҳиби 50 патент ва шаҳодатномаи зеҳнӣ гардида, зиёда аз 350 мақолаи сатҳи байналхалқӣ, аз ҷумла 12 мақола дар нашрияҳои бонуфуз ба нашр расидаанд.
Дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии касбии пешрафтаи хориҷӣ ба ғайр аз 27 лабораторияи амалмекарда, ҳамзамон, 9 лабораторияи махсуси соҳаи технологияи хӯрока бунёд шуда, сехи маҳсулоти омодасозии маҳсулоти хамирӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки бешубҳа дар татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ ин омил саҳмгир аст.
Боиси хушнудист, ки дар донишкада солҳои охир дар баробари пурқувват гардидани базаи моддиву техникӣ, пурра аз таъмири кулли баромадани ҳамаи биноҳои таълимӣ, хобгоҳ ва китобхонаҳои донишкада, ҳамзамон, сатҳ ва сифати таълим боло меравад. Гувоҳи гуфтаҳои болоӣ он аст, ки новобаста завқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва техникӣ дар қиёс ба илмҳои гуманитарӣ камтар аст, дохилшавӣ ба ин муассисаи таълимӣ ҳамасола пурра иҷро мешавад. Маҳз эҷодкорию навоварӣ, аз худ қаноатманд набудани устодон, татбиқи амалии системаи идоракунии электронӣ, таҷрибаи мувафаққонаи Марказҳои тестӣ, бақайдгирӣ ва мартаба мақоми донишкадаро боз ҳам боло бардошт. Бесабаб нест, ки ҳамасола аз рӯи хулосабарории рейтингии Вазорати маориф ва илми кишвар донишкада миёни муассисаҳои олии кишвар ҷойҳои баландро соҳиб мешавад.
Сипас, дар рафти чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ба роҳбарият ва устодони донишкада унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илмро тақдим намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо барномаи рангин табъи ҳозиринро болида намуданд.
Дафтари матбуоти 
раиси шаҳри Хуҷанд