101 НОМГӮЙ КИТОБИ ДАРСӢ, 67 НОМГӮЙ КИТОБИ БАДЕӢ ВА 21 НОМГӮЙ МАВОДИ ТАЪЛИМӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАСТРАС КАРДА ШУД

14-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Яке аз самтҳои Вазорати маориф ва илм таҳия, нашр ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ мебошад. 
Дар ин давра 5 номгӯй китоби дарсӣ, 4 номгӯйи дастури методии роҳнамои омӯзгор, 1 номгӯйи китоби дарсии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 1 номгӯйи барномаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нашр шуд, ки дар маҷмӯъ, давоми се моҳи соли ҷорӣ 213 ҳазору 830 нусха адабиёти гуногуни таълимиро ташкил медиҳад.
Айни замон чопи 35 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди 2 млн. 752 ҳазору 780 нусха дар чопхонаҳои ватанӣ идома дошта, давра ба давра нашр ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешаванд.
Ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 101 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 756 ҳазору 539 нусха, 67 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 24 ҳазору 728 нусха ва 21 номгӯй маводи таълимӣ (барномаи таълимӣ, роҳнамои омӯзгор ва ғайра) ба миқдори 1 ҳазору 813 нусха дастрас шуд.
Инчунин, 8 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 263 ҳазор нусха ва 16 номгӯйи барномаҳои таълимӣ ба миқдори 251 нусха ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ирсол шудааст. Чопи теъдоди боқимондаи барномаву китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ идома дорад.
Бо назардошти ин, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ вазифадор карда мешавад:
-бо ҳамкории МН «Маориф» ва муаллифон китобҳои дарсие, ки бояд тибқи «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои соли 2020» чоп шаванд, бо назардошти татбиқи раванди азнавсозии мазмуни таҳсилот, аз ҷумла гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим дар заминаи хусусияту арзишҳои миллӣ таҳия намуда, давра ба давра ба озмуни чоп пешниҳод кунад;
-дар доираи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас китобҳои дарсии фанҳои номбурдаро дар ҳамкорӣ бо муаллифон бо назардошти принсипҳои асосии муносибати босалоҳият ба таълим давра ба давра бознигарӣ намояд;
-китобҳои дарсии ба озмуни чоп пешниҳодшударо зери назорат қарор дода, баъди чоп шудан ҷиҳати тибқи дархост ба шуъбаҳои маориф тақсим намудани онҳо чора андешад;
-чопи саривақтии рӯзномаи хонанда ва журналҳои синфро тибқи хусусиятхои техникии аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқшуда ба роҳ монад;
-ҷиҳати ба роҳ мондани таҳия ва чопи дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор аз фанҳои лингвистӣ (забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ, немисӣ, фаронсавӣ) ва ҷомеашиносӣ тадбирҳои судманд андешад.