14 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ХОНАНДАҲОИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «FEMO»

05-06-2024
Аз 1 то 3 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 6-умин Олимпиадаи байналмилалии «FEMO» аз фанни математика байни наврасони синфҳои 1-5 бо фарогири 800 иштирокчӣ аз 18 давлати олам баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин Олимпиада мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 34 нафар наврасони синфҳои 1-5 аз филиали Муассисаи таълимии хусусии «Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор муаррифӣ намуда, сазовори 14 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 4 медали тилло, 1 медали нуқра ва медали биринҷӣ гардиданд.