15 МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК АЗ ОЗМУНИ “BRICMATH-2020”

22-01-2021
 
   20-уми январи соли равон даври 4-уми Олимпиадаи байналмилалии “BRICMATH-2020” аз фанни математика бо иштироки беш аз 2 миллион хонанда аз 7 кишвари олам тариқи фосилаваӣ баргузор гардид, ки дар он 22 нафар хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, соҳиби 15 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. 
   Тибқи иттилои Сурайё Неъматова-директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиада Сарвар Ибрагимов, Меҳрвар Раҳимов, Раҳимҷон Ибрагимов, Абдухолиқ Тоҷибоев-хонандагони синфи 11, Назокат Акрамӣ-хонандаи синфи 8, Анушервон Каримов, Мирзоибодулло Абдуқодиров, Меъроҷ Собирзода, Абубакр Раҳимов, Наврӯзшоҳ Раҷабов, Абубакр Орипов,  Баҳодур Шукуров, Самад Аҳмадов-хонандагони синфи 7, Мубин Фозилов ва Сулаймон Асрорӣ–хонандагони синфи 6-и литсей ғолибият ба даст оварда, соҳиби медалҳои тилло гардидаанд. 
   Мавриди зикр аст, ки дар олимпиадаи ҷаҳонии “BRICMATH-2020” хонандагони синфҳои 1-11 аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд ва он соли 4-ум аст, ки бо забони англисӣ баргузор мегардад. Ҳадафи асосии озмун ҷалби толибилмон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ ва рушди тафаккури мантиқии хонандагон мебошад.
   Дар соли хониши 2020-2021 толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия иштирок намуда, 39 медал – 22 медали тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон