17.09.2022. ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

17-09-2022
17-уми сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода ва Лутфия Абдулхолиқзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дархосту муроҷиати шаҳрвандон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти қабул шаҳрвандонон, асосан, ҷиҳати қабули хонандагон ба синфи 1, қабул, интиқол ва барқарор намудан дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, интиқол аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон, чопи китобҳо, таъмин бо хобгоҳ ва чанде дигар дархосту муроҷиатҳои худро пешниҳод намуданд. Дар умум, давоми рӯз дар рафти қабули шаҳрвандон 82 нафар шаҳрванд иштирок намуд.
Зимни қабули шаҳрвандон вазири маориф ва илм Р.Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки масъулини раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат бояд дархосту муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандонро дар кутоҳтарин муҳлат мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, тибқи тартиби муқарраргардида ба муаллифони муроҷиат посухҳои хаттӣ пешниҳод намоянд.