2 медали хонандагони тоҷик аз олимпиадаи «EuPhO-2018»

04-06-2018
Аз 28 май то 01 июни соли 2018 дар шаҳри Долгопруднии Федератсияи Россия 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии аврупоӣ аз фанни физика (EuPhO-2018) баргузор гардид. Дар он 115 нафар довталаб аз 23 давлати дунё, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Руминия, Эстония, Италия, Швейтсария, Словакия, Словения, Латвия, Маҷористон, Сербия, Македония ва ғайра иштирок карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 2 нафар хонанда муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбаст Абдураҳмонова Сабина хонандаи синфи 11-и муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) ва Пиров Далер хонандаи синфи 9-и муассисаи хусусии таълимии литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардида, Парчами Тоҷикистони азизамонро дар байни 23 давлати дунё баланд бардоштанд.
Бояд гуфт, ки аз аввали соли 2018 хонандагони тоҷик дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда,  сазовори 126 медал – 31 медали тилло, 49 медали нуқра, 46 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 медали тилло, 16 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ зиёд мебошад.