200 ЧОРАБИНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

13-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Бо фарорасии давраи таътили зимистонаи хонандагон фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дучанд меафзояд.
Дар ин давра, дар баробари омӯзиши барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки теъдоди онҳо 84 ададро ташкил медиҳад, чорабиниҳои гуногуни варзишию беҳдоштӣ, маърифатию фарҳангӣ, саёҳату экскурсияҳо, вохӯрӣ бо адибону кормандони ҳифзи ҳуқуқ ташкил ва гузаронида шуданд. Чунончи, дар давраи таътили зимистона дар марказҳои таҳсилоти иловагии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон наздики 200 чорабинӣ ташкил ва баргузор карда шуданд
Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ яке аз ташкилотҳои худидоракунии хонандагон буда, моҳи феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии 20 сол сипарӣ гашт. Бахшида ба ин санаи таърихӣ рӯзҳои 25-26.02.2020 Конференсияи назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Созмони хонандагон - дастовард ва дурнамои рушд» баргузор гардид. Чун анъана дар назди пайкараи Исмоили Сомонӣ бо иштироки 200 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт қабули хонандагон ба сафи Созмон баргузор гардид. Дар умум бошад, дар ин рӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 110215 нафар хонанда ба сафи Созмон қабул карда шудаанд.
Дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба бо шарикони рушд аз оғози соли 2017 то инҷониб 12 озмоишгоҳи инноватсионӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ таъсис дода шуданд.
Бо назардошти ин, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади муайян намудани ташаббусҳои наврасони навовар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоидошта ва ба ин васила ҷоннок намудани самти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҳамасола корро пурзӯр намояд.
Ҳамзамон, бо мақсади ташаккул додани салоҳиятҳои хонандагон барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушди соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои таҳия намудани “Роҳнамои Созмони хонандагон” чораҳои амалӣ андешад.