216 ЛАБОРАТОРИЯИ ТАЪЛИМИИ МУОСИР БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ ДАСТРАС КАРДА ШУД

11-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд 216 лабораторияи таълимии муосир аз фанҳои физика, химия ва биология (72 лаборатория аз ҳар як фан) бо таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ ба маблағи зиёда за 1 млн. евро харидорӣ карда шуда, моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд. Лабораторияҳои мазкур ба 10 муассисаи таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 27 муассисаи таълимии вилояти Хатлон, 17 муассисаи таълимии вилояти Суғд, 5 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ва ба 13 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас гардид. Ин имкон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои такягоҳии таълимии фанҳои мазкур ташкил карда шавад.