30-СОЛАГИИ МАҶАЛЛАИ “МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН” ТАҶЛИЛ ГАРДИД

10-01-2022
10-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба 30-солагии таъсисёбии маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тобеи вазорат, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён зимни сухани ифтитоҳи қайд намуд, ки маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” падида ва ҳамсоли Истиқлоли кишвар буда, аз лиҳози шаклу мазмун сол то сол дар ҳоли рушд қарор дорад. Шумораи нахустини он бо номи “Адаб” моҳи июли соли 1991, ду моҳ пештар аз қабули Эъломияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид. Маҷалла дар натиҷаи талоши рӯшанфикрони тоҷики солҳои 80-90 уми қарни 20 дар шароити соҳибистиқлолии комили давлати Тоҷикистон бо мақсади рушди илму маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ арзи ҳастӣ кард. Аввалин сардабири он номзади илмҳои педагогӣ, донишманди шинохта, маорифпарвар ва мактабшиноси маъруф Шамсуллоҳ Исломов буда, дар таъсис додани маҷалла ва ба фаъолият пардохтани он саҳми бузург дорад. Маҷалла аз ибтидо бо теъдоди 3500 нусха дархӯри завқи алоқамандон гашта, соли 1992 чопи он ба 6000 адад расид. 
Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуло Исмоилзода  вобаста ба низоми рушди маориф ва матбуоти соҳавӣ сухан ронда, қайд намуд, ки маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” имрӯзҳо дар баробари чоп бо истифода аз имконоти технологияҳои муосир дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақоми хос пайдо кардааст. Расидагӣ кардан ба дархосту муроҷиатҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути саҳифаи Фейсбукии “Маорифи Тоҷикистон” гувоҳ аз он аст, ки кормандони маҷалла баробари замон қадам мениҳанд ва бо истифода аз технологияҳои муосир барои боз ҳам ба мардум наздиктар кардани маҷалла талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳанд. 
Дар идома, декани факултети журналистикаи ДМТ Бахтиёр Қутбиддинов дар мавзуи “Нақши маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар бедорӣ ва худшиносии миллӣ” маърӯза карда, аз ҷумла, иброз дошт, ки матбуоти соҳавӣ, хусусан нашрияҳои Вазорати маориф ва илм ба рушду инкишофи кишвар ва ташаккули маърифати мардум аз ибтидо таъсири махсус расонида, имрӯз серхонандатарин нашрияҳои соҳавии ҷумҳурӣ  ба ҳисоб мераванд. 
Ҳамзамон, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддуло Лутфуллоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” Ноилшоҳ Нурализода, сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” Шодӣ Шокирзода, мушовири директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Латофат Назирӣ, сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Аҳлиддин Саиднуриддинзода, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсон Сафарзода ва сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Мирзоева хотироту андешаҳои худро иброз дошта, аҳли эҷоди маҷалларо ба ифтихори 30-юмин солгарди он таҳният гуфтанд.
Дар доираи таҷлили 30-солагии маҷалла ба як қатор кормандон ва муаллифони фаъоли он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишонҳои “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” тақдим карда шуд. 
Маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатӣ озмуни мақолаҳои беҳтаринро миёни хонандагону алоқамандони соҳа зери унвони “Маориф ва истиқлол” баргузор намуд, ки он аз чор бахш – “Сиёсат, маориф, илм”, “Таҳсилот ва замон”, “Мулоҳиза ва пешниҳод” ва “Таҷриба ва эҷод” иборат буд. Барои иштирок дар озмун аз ҷониби муаллифон беш аз 200 мақола пешниҳод гардид, ки беҳтарини онҳо дар шумораҳои маҷалла ва ду ҷилд китоб нашр гардид. 
Дар бахши “Сиёсат, маориф, илм” Қурбонов Абдураҳмон соҳиби ҷойи якум, Салимова Дилбар ва Амиров Ҷалолиддин соҳиби ҷойи дуюм, Салимов Назар ва Абдусамадов Акбарбек соҳиби ҷойи сеюм, дар бахши “Таҳсилот ва замон” Аминов Саидамир соҳиби ҷойи якум, Қаюмов Бобохон ва Раҳматзода Раҳматшо соҳиби ҷойи дуюм, Сафарова Моҳинав ва Малахов Азимхон соҳиби ҷойи сеюм, дар бахши “Мулоҳиза ва пешниҳод” Заробеков Маҳмадбек соҳиби ҷойи якум, Раҷабзод Шодӣ ва Қурбонов Маҳмадсалим соҳиби ҷойи дуюм, Насурова Беҳрӯ соҳиби ҷойи сеюм ва дар бахши “Таҷриба ва эҷод” Самадова Бимайрам соҳиби ҷойи якум, Девоншоева Тӯтихон ва Шерализода Давлат соҳиби ҷойи дуюм, Кӯчарзода Ҳусния ва Маҷидова Бибиҳафиза соҳиби ҷойи сеюм гардиданд, ки дар доираи чорабинии мазкур ба ғолибон туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот тақдим гардид. Инчунин, ғолибони озмуни акси тарғиботии маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
З.ҲУСЕЙНОВА