41 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «TEENEAGLE» ДАР ШАҲРИ ЛОНДОН ...

30-06-2024
Рӯзҳои 23-30 июни соли 2024 дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид.
Олимпиадаи мазкур аз рўйи 3 категорияи синнусолӣ ва 2 номинатсия байни хонандагони синфҳои 3-11 баргузор карда шуд. Дастаи мунтахаби Ҷумуҳурии Тоҷикистонро 46 нафар хонандагон аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муаррифӣ намуданд.
Аз рӯйи номинатсияи «Малакаҳои қабулкунӣ» (шунавоӣ ва хониш) ҷойи якум 1 нафар, ҷойи дуюм 12 нафар ва ҷойи сеюм 12 нафар, дар номинатсияи «Малакаҳои истеҳсолӣ» (гуфтугӯӣ ва маҳорати навиштан) бошад, ба гирифтани ҷойи якум 2 нафар, ҷойи дуюм 5 нафар ва ҷойи сеюм 9 нафар сазовор гаштанд, ки дар маҷмуъ 41 ҷойи ифтихориро ташкил медиҳад.
Олимпиадаи мазкур сатҳи миёна буда, ҳамасола дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Шоҳигарии Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Малайзия барои дӯстдорони фанни забони англисӣ баргузор мегардад. Соли 2024 дар ин олимпиада зиёда аз 2140 нафар хонандагон аз 846 муассисаҳои таълимии дунё ва 66 кишвари олам иштирок намуданд.