55 донишҷӯ Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд

08-07-2024
55 нафар хатмкунандаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ соҳиби дипломи аъло гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ба ин муносибат дар донишгоҳ маросими тақдими дипломҳои аъло ба хатмкунандагон баргузор гардид.
Ҳамасола Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро садҳо нафар хатм намуда, ҳамчун ҷавонони лаёқатманд ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои муҳандисӣ - техникӣ дар мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият менамоянд.
Соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро аз рӯйи ихтисосҳои марбута 1955 нафар донишҷӯ дар зинаи бакалавр ва 76 нафар дар зинаи магистратура хатм намуданд, ки аз ин теъдод як қатор донишҷӯёну магистрон ба дипломи аъло шарафёб гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Пешвои миллат ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд ва ин аст, ки барои тарбияи насли наврас ва ба омӯзиши илму дониш фаро гирифтани онҳо дар мамлакат тамоми шароит муҳайё гардидааст.