65  ҶОИ ИФТИХОРӢ АЗ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

02-11-2020
   Рӯзҳои  25-уми октябр то 1-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Анталияи Туркия 12-умин Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ  аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география, забони русӣ, таърихи ҷаҳон ва муҳити дунё баргузор гардид.
   Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар олимпиадаи мазкур  437 хонанда аз 10 кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, азоистон, Украина, ирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Афғонистон ва ғайраҳо иштирок намуданд.
   Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада аз 10 муассисаи таҳсилоти умумӣ мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёат дар шаҳри Бстон, литсей- интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёати Ҷумҳурии Тоҷикистон, литсейи №1-и шаҳри Исфара, гимназияи хусусии “Сафина” дар ноҳияи Б.Ғафуров, литсейи №5-и шаҳри Исфара, гимназияи №2 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, литсейи №6-и шаҳри Исфара, литсейи Донишгоҳи политехникии шаҳри Хуҷанд, гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан, литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд, литсейи №2-и шаҳри Исфара, литсейи №3 -и шаҳри Исфара, мактаби хусусии “Дурахшандагон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муассисаи хусусии “Эҳёи маънавият” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83-и шаҳри Норак 80 нафар хонанда ширкат варзида, аз онҳо  24 нафар  ҷойи якум, 18 нафар ҷойи дуюм ва  23 нафар  ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Азиза Бодурова