7313 НАФАР АЗ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД

14-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи ҳамкориҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо Донишкадаи такмили ихтисоси Донишкадаи славянии Тоҷикистону-Россия 20 нафар омӯзгори фанни забони русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон ба курси бозомузӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи вилояти Ивановои Федератсияи Россия дар заминаи донишкада курсҳои омӯзишии “Менеҷмент дар соҳаи маориф” бо ҷалби 2 нафар мутахассиси ин муассиса барои 80 нафар корманди донишкада ва филиалҳо баргузор карда шуд.
Дар маҷмӯъ, давоми соли равон дар 300 курси нақшавӣ ва дигар курсҳои ғайринақшавии донишкада ва филиалҳо ва курсҳои дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гузаронидашуда 7313 нафар такмили тахассус намуданд.
Ҳарчанд масъалаи иҷрои нақшаи фарогирии омӯзгорону кормандони соҳа ба курсҳои такмили ихтисос аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо то ҷое ҳалли худро ёфта бошад ҳам, мутаассифона баъзе шаҳру ноҳияҳо ба монанди Рашт, Сангвор, Роғун, Тоҷикобод ва ВМКБ камтар аз 80 фоизро таъмин намудаанд.
Дар баробари ин, аз ҷониби ҳайати омӯзгорону кормандони донишкада ва филиалҳои он дар семоҳаи аввали соли равон 1 автореферат, 11 дастури методӣ, 5 конференсия, 13 мизи мудаввар ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ-методӣ ба нашр расидонида шуда, ба рисолаҳои номзадӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ 11 тақриз таҳия ва ба зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Аз ин рӯ ба раёсати донишкада супорида мешавад:
-татбиқи саривақтии Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2022-ро таъмин намоянд;
-ба таълиф, таҳия ва ба чоп расонидани дастур ва маводҳои таълимӣ, маводҳои ёрирасон аз тарафи кормандони донишкадаҳо аҳамияти махсус дода шавад.
-барои тибқи нақша гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок ва таъмини давомоти шунавандагон, ҳамкории донишкада бо раёсату шуъбаҳои маориф ҷоннок карда шавад.
-ҷиҳати баланд бардоштани неруи зеҳнии донишкада ва филиалҳои он олимони варзидаи соҳаро ба раванди машғулиятҳои КТИ ҷалб намуда, таҳқиқи рисолаҳои илмиро дар самти педагогика ва методикаи таълими фанҳо тақвият бахшанд.