79,6% ОМӮЗГОРОН АЗ АТТЕСТАТСИЯ ГУЗАШТАНД

14-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Дар семоҳаи сипаришуда лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат бо ҷойи кор ҳозир нагардиданд» барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 124593 нафар омӯзгор ва 12234 нафар мураббӣ кору фаъолият менамоянд.
Соли 2019 28007 нафар (20,4%) аз аттестатсия гузаронида шудааст, ки дар ВМКБ -974 нафар (15,4%), вилояти Хатлон -8087 (17,2 %), вилояти Суғд- 10616 нафар (24,1 %), шаҳри Душанбе -1209 нафар (10,5 %) ва шаҳру ноҳияи тобеи марказ 7121 нафарро (25,6%) ташкил медиҳад
Тибқи нақша сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардида буданд, ки ҳамасола на кам аз 33 фоиз кормандону омӯзгорон ва мураббиёнро аз аттестатсия гузаронанд. Мутаассифона, ҳолати иҷрои талаботи фармоиши мазкур дар ВМКБ 17,6%, вилояти Хатлон – 15,8%, вилояти Суғд – 8,9%, шаҳри Душанбе-22,5% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 7,6% кам буда, дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 79,6% кам мебошад.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи раёсату шуъбаҳои маориф соли 2019 ба 3037 нафар дараҷаи тахассуси олӣ, 4898 тахассуси якум ва 6325 нафар тахассуси дуюм дода шуда, 6086 нафар дар дараҷаи тахассуси олӣ, 4414 нафар дар дараҷаи тахассуси якум ва 1938 нафар дараҷаи тахассуси қаблан доштаашон монда шудааст. 2707 нафар бинобар сабабҳои ба талабот ҷавобгӯй набудан дараҷаи тахассусашон паст фароварда шуда, 407 нафар ба аттестатсияи такрорӣ ва 38 нафар бинобар сабаби аз аттестатсия нагузаштан аз вазифа озод карда шудааст.
Дар ин давра, ба раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба миқдори 3778 адад ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот супорида шуд.
Бо вуҷуди ин, ба пуррагӣ бартараф нагардидани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, пурра ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон, ба як воҳиди корӣ таъмин накардани мутахассисони ҷавон аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои маориф, иҷро нагардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи таъмини имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳамасола аз аттестатсия нагузаронидани то 33 фоизи омӯзгорон ва мураббиён аз зумраи мушкилотест, ки дар ин самт ҷой дорад.
Аз ин рӯ, раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд:
- камбудиҳои ҷойдоштаи аттестатсияи соли сипаригардидаро ба инобат гирифта, минбаъд ҳамаи ҳуҷҷатҳои аттестатсияшавандагонро саривақт барои омӯзиш ва ҷамъбаст ба комиссияи аттестатсионии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намоянд;
- аттестатсияи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои ҷумҳуриро барои дарёфти дараҷаи тахассуси дуюм ва якум тибқи банди 12 ва 13-и “Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдик шудааст, ба роҳ монанд;
- кори комиссияи аттестатсионии муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маорифро ҷамъбаст намуда, то аввали моҳи майи соли ҷорӣ ба Вазорати маориф ва илм оид ба фаъолияти комиссияҳо ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намоянд;
-омӯзгорони муассисаҳои таълимиро тибқи ҷадвали тасдиқшуда ба курсҳои такмили ихтисос фаро гиранд.