8 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК АЗ 3 ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

29-12-2021
Рӯзҳои 6-11 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Олимпиадаи байналмилалии “Озмоишгоҳи таълимии истеъдодҳо-2021” аз фанҳои математика, физика ва химия байни хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуданд. Дар Олимпиадаи байналмилалии “Озмоишгоҳи таълимии истеъдодҳо-2021” хонандагон аз давлатҳои ИДМ ва Балтика иштирок намуда, Охунова Шукрона-хонандаи синфи 9-и Муассисаи давлатии таълимӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуд. 
Инчунин, рӯзҳои 11-12 декабр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи даставии барномасозии АвруОсиёӣ байни хонандагони синфҳои 10-11 баргузор гардид, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 дастаи иборат аз 6 хонанда ва 1 роҳбари даста иштирок намуда, сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ (3 медали биринҷӣ ва 3 медали нуқра) гардиданд. Аз ҷумла, Имомов Дилшод-хонандаи синфи 11- и Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе (медали биринҷӣ), Афроимов Бинёмин-хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе (медали биринҷӣ), Гулов Бежан-хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе (медали биринҷӣ), Аминов Шаҳром хонандаи синфи 11- и филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Ҳисор (медали нуқра), Раҳимов Ворис-хонандаи синфи 11-и филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ПВ дар шаҳри Ҳисор (медали нуқра), Маҳмудов Бобохон-хонандаи синфи 10-и филиали Литсей-интернати тоҷики-русии Ҳотам ПВ дар шаҳри Ҳисор (медали нуқра).      
Ҳамзамон, рӯзҳои 12-21 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб 18-умин Олимпиадаи байналмилалии илмӣ барои наврасон аз фанҳои физика, химия ва биология “IJSO 2021” тариқи фосилавӣ байни хонандагони синфҳои 5-9 баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонанда муаррифӣ намуданд. Дар Олимпиадаи мазкур 74 давлат (ҷумҳуриҳои Олмон, Фаронса, Аргентина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Британияи Кабир, Бразилия, Австралия, Федарстсияи Россия, Ҳиндустон, Чин, Руминия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғ.) иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Ғуломзода- хонандаи синфи 9-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе байни 400 нафар иштирокчӣ аз 74 давлати дунё ҷойи сеюмро ба даст оварда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуд.
Зайнаб Ҳусейнова