Аҳамияти илмҳои дақиқ дар ҳунаромӯзии духтарон

22-10-2018
Боиси хушнудист, ки бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳуриамон на танҳо дар шаҳру ноҳияҳо, балки дар як қатор деҳоти дурдаст низ миқдори муассисаҳои таълимии наву замонавӣ  рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст ва толибилмон дар баробари баҳраманд шуданашон аз илмҳои муосир ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд. Дар чунин муассисаҳо барои тадрис махсусан барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Масалан, барои гузаронидани дарси технология (таълими меҳнат) дар гурӯҳи духтарон, агар мавзӯъ доир ба тайёр намудани ягон хӯрок ё хӯриш бошад, аз ошхонаи мактаб ва асбобу ашёи он истифода  мебаранд, ё худ мавзӯи дарс дар бораи дӯхтани пешдоман, куртаю дигар лавозимот бошад, ҳатман аз синфхонаи махсусе, ки бо мошинаҳои дарздӯии барқии гуногун таҷҳизонида шудааст, истифода бурда мешавад. 
Албатта, пеш аз гузаронидани чунин дарсҳои амалӣ омӯзгор хонандагонро бо қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми кор бо асбобҳои барқию дастӣ ба пуррагӣ ошно менамояд. Хонандагон низ кӯшиш менамоянд, ки дар дарсҳои амалӣ фаъол бошанд, ҳунари дӯхтану пухтанро ба хубӣ аз худ намоянд. Лекин на ҳамаи онҳо ба мақсади худ ноил шуда метавонанд, ҳарчанд ки дарси амалӣ дарси пурсамартарин ба ҳисоб меравад. 
Ман, ҳамчун омӯзгор мушоҳида намудам, ки хонандаи дар дигар фанҳо фаъол нозукиҳои корро ба зудӣ аз худ намуда, супориши додашударо мустақилона иҷро менамояд, вале хонандае, ки аз дигар фанҳо дониши хуб надорад, дар омӯзиши ҳунар низ мушкилӣ мекашад, чунки зеҳнаш заифӣ мекунад. Барои аз худ кардани ҳунар зеҳни тез ва хотираи қавӣ дош-тан лозим аст, то ки кас баъзе нозукиҳоро дар хотир нигоҳ доштаву ҳангоми иҷрои кор онҳоро истифода бурда тавонад.
Садбарг Иззатова,
 омӯзгори мактаби №12,
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ