Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ мебошад

28-06-2024
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мулоқоту суҳбат бо сокинони ҷумҳурӣ, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамвора таъкид менамоянд, ки мо, худамон ватанамонро бояд обод кунем, чунки дигар кас аз дигар ҷо омада, ватани моро обод намекунад. Айнан ва дар ҳамовозӣ бо ҳамин таъкидҳои дурандешонаи Сарвари давлат, зарур аст, дарк кунем, ки таълим ва тарбияи фарзандонамон низ вазифаи худи мо мебошад, зеро дигарон барои таълим ва тарбияи фарзандони тоҷик масъул нестанд. Баръакс доираҳо ва гурӯҳҳои муайян бо истифода аз камтарин шароиту имконият фарзандони моро мағзшӯӣ мекунанд, онҳоро мисли қаҳрамони романи машҳури «Дуроҳаи буронӣ» ба сарашон пӯст кашида, мағзи сарашонро хушк, худашонро манқурт ва барои куштани модари худ равона месозанд.
Танҳо дар се соли охир 24 нафар шаҳрванди мо дар 10 мамлакати дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд. Он ҷавононе, ки ба ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҳамроҳ шудаанд, пайравони таълимоти «Салафия» мебошанд. Бо вуҷуди ин ки бо қарори Суди Олии Тоҷикистон равияи «Салафия» экстремистиву террористӣ эълон шудааст, дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба равияи мазкур шомил гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Чанд рӯз пеш, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо интишор шудан дар воситаҳои ахбори оммаи расмӣ мавриди амал қарор гирифт. Қабул шудани қонуни мазкур яке аз муассиртарин роҳест, баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, зеро то ин замон, агар кӯдакону наврасон қонуншиканӣ мекарданд, мактаб оиларо, оила мактабро, ҷомеа мактабу оиларо гунаҳкор медонистанд. Кайҳо вақти он фаро расида буд, ки ба ин масъалаи дарҳамомез хотима дода шавад. Акнун дар таълим ва тарбияи шоистаи кӯдак ҳам падару модар, ҳам муассисаи таълимӣ, ҳам омӯзгор ва ҳам худи ҷомеа (дар симои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, раисони маҳаллаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) масъул ҳастанд. Зиёда аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи қонуни мазкур, дар симои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар таълим ва тарбияи кӯдак салоҳият ва ваколатҳо ба зимма дорад.
Фаъолияти мақомоте, ки масъалаҳои таълим ва тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, аз тарафи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг мешавад. Дар навбати худ мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷумла амалҳои зеринро иҷро мекунад: барномаҳои давлатиро оид ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак таҳия ва пешниҳод мекунад, низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак таҳия ва пешниҳод мекунад, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятиро назорат карда, вобаста ба масоили таълиму тарбияи кӯдак ва масъулияти он мониторинг мегузаронад.
Мувофиқи талаботи моддаи 10-и қонуни мазкур, акнун дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулияти таълим ва тарбияи кӯдак дар қатори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамчунин вазоратҳоии адлия, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мудофиа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳо оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим низ иштирок мекунанд.
Тавре аз қонуни нав бармеояд, акнун дар баробари падару модар, мактабу омӯзгор, аҳли ҷомеа, ҳамчунин вазорату кумитаҳои Ҳукумати мамлакат дар самти таълим ва тарбияи кӯдак масъул ҳастанд. Мебояд эътироф кард, ки қонунан ҷалб кардани сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таълим ва тарбияи кӯдак иқдоми таърихан бемонанд аст.
Маълум аст, на ҳамеша ва на якбора ҳар он чизе, ки дар коғаз навишта шудааст, ба пуррагӣ дар ҳаёт татбиқ карда мешавад. Муҳим ин аст, ки моҳияти қонун нек аст, он манфиати ҷомеа, давлат ва миллат равона шудааст.
Минбаъд рафти зиндагӣ нишон медиҳад, ки дар кадом модда ва ё банди қонун тағйирот ё илова ворид карда шавад. Чунончӣ, дар банди 2, моддаи 9-и қонуни мазкур нишон дода шудааст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ваколат дорад, ки лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро оид ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак таҳия кунад, фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилоти дигари дахлдорро дар ин самт ҳамоҳанг намояд.
Бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» корҳои ташвиқотӣ, тарғиботӣ, фаҳмондадиҳӣ оғоз мегарданд, тадриҷан мактабу маориф, ҷомеаву одамон талаботи қонунро аз худ ва дар амал татбиқ мекунанд.
Дар ҳамин маврид, оид ба нақши омӯзгор ва муассисаҳои таълимӣ дар таълим ва тарбияи кӯдак чанд нуктаро мебояд гуфт. Тибқи моддаи 18, боби 5-и қонуни мазкур муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ҳуқуқ доранд ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдак ба падару модар ва мақомоти давлатии дахлдор бо пешниҳод муроҷиат кунанд, падару модарро ба ҷаласаҳо вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак даъват намояд, иҷрои талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимиро аз ҷониби падару модар талаб намояд, ҳангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимӣ ва иҷро накардани уҳдадориҳое, ки тибқи қонуни мазкур муқаррар шудаанд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд ва ғайра.
Дар баробари ин онҳо уҳдадор ҳастанд, ки ба кӯдак таълиму тарбияи дуруст диҳанд, барои таълими онҳо шароит фароҳам оварда, воситаҳои зарурии таълимиро таъмин намоянд, риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ бидуни зарурати тиббӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намоянд, кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва таҳаммулгароӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намояд, оид ба рушди маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги ҳамзистӣ дар ҷомеа ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд ва ғайра.
Бори дигар мебояд таъкид кард, ки таҳия ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Ин аз як тараф воқебинона нигоҳ кардан ба мушкилот бошад, яъне эътироф ва иқрор кардани мушкилот дар самти таълиму тарбия бошад, аз тарафи дигар масъулона муносибат кардани Ҳукумати мамлакатро ба мушкилоти мавҷуда исбот мекунад.
Ҳоло бо сабаби дастрасии осону оммавӣ ба таҷҳизоти мобилии иттилоотӣ, озодона ворид шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернет насли наврас бемонеа ба фазои ғайри қобили қабул ворид мешавад. Наворҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроваридоштаро тамошо мекунанд. Таҳти таъсири ин наворҳо ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ даст мезананд, бо атрофиён муомилаи дағалона мекунанд, оромии ҷомеаро халалдор месозанд. Дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ суханҳои қабеҳ мегӯянд. Баъзе аз наврасон амалҳои зишту касифи хароб намудани бино, иншоот, шикас­тани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшударо «қаҳрамонӣ» медонанд. Як гурӯҳи дигари таълимгирандагон барои аз дигарон «фарқ кардан» ба муассисаи таълимӣ бо мошин меоянд, ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳоро ба намоиш мегузоранд. Гурӯҳи дигар машруботи спиртӣ, тамоку, воситаҳои нашъа­дор истеъмол мекунанд, бо худ корду дигар асбоби халандаву буранда мегиранд. Бо ҳамсолони худ аз мактабҳои дигар задухурдҳои гурӯҳӣ ташкил мекунанд. Ин мушкилот вуҷуд дорад, набояд онро пинҳон кард. Шояд дар даҳ мактаб ҳамагӣ 2-3 нафар чунин таълимгиранда бошад, вале агар пеши роҳи ин 2-3 нафар гирифта нашавад, онҳо оқибат ба ҳамон роҳе мераванд, ки поёнаш маҳкама, зиндону маҳрумӣ аз озодӣ мебошад.
Акнун таълим ва тарбияи кӯдак танҳо ба зиммаи падару модар нест, ҳам ҷомеа, ҳам мактабу маориф, ҳам мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор ҳастанд, ки дар тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд. Ҳамон тавре ки Ватанро сарҷамъона обод мекунем, фарзандонро низ тибқи анъанаҳои неки гузаштагон тарбия мекунем, таълим медиҳем. Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо фарҳанги ҳазорсолаи худ, яъне эҳтироми падару модар, ҳурмати калонсолон, арҷ гузоштан ба некиву накукорӣ, бо ахлоқи ҳамида, рафтори шоистаи инсонӣ ворид мешавем.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»