Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Хуҷанд

08-07-2023
Дар доираи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи илму маориф – соҳаи афзалиятноки кишвар ба таври рӯзафзун зиёд гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мақому манзалати омӯзгор корҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуда истодааст.
Ба ҳамин минвол, имрӯз 8 июли соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид.
Дар он роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардори раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дидан карда, ба базаи моддиву техникӣ ва шароиту имкониятҳои меъёрии таҳсил баҳои баланд доданд.
Сипас, дар бинои мазкур муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, интиқол аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар, идомаи таҳсил дар шуъбаи магистратура, аз нав барқарор намудани аттестати хатм ва дигар масъалаҳо дархост ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рафъи мушкилоти худ ва пешбурди соҳаи маорифи кишвар ба вазир манзур намуданд.
Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, иброз дошт, ки дар доираи ташаббусҳои созанда ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар ҳамеша ҷиҳати дастгирии соҳаи маориф пайваста иқдомҳо меандешад. Ин моро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим ва инчунин, рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тамоми нерӯи худро равона созем.