ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

27-08-2021
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири маориф ва илм М.Имомзода қабули шаҳрвандон доир гардид, ки дар он дархосту муроҷиати наздики 50 нафар шаҳрванд мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд қайд кард, ки вобаста  ба  иҷрои  талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқӣ дар давраи таътили тобистона ҳамарӯза аз соати 10:00 то соати 12:00 ва рӯзҳои шанбе аз соати 08:00 то соати 11:00 дар Вазорати маориф ва илм аз ҷониби вазир, муовини якум ва муовинони вазир қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, барои баррасии пурра ва ҷавоби саривақтии муроҷиатҳо ба масъулин дастуру супоришҳои дода мешавад.
Муроҷиатҳо асосан фарогири мавзӯъҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабию миёнаи умумӣ, қабул ба мактаб-интарнат, қабул, интиқол ва барқарор намудани донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, таъмин бо ҷойи кор, сарфарозгардонӣ бо мукофтҳои соҳавӣ, интиқол аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон, таҳсил дар шуъбаи магистратура, таъмин бо хобгоҳ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф мебошанд.