ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

03-09-2022
3-юми сентябри соли ҷорӣ дар саҳни Вазорати маориф ва илм аз ҷониби вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ва муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”  дархосту муроҷиати 83 нафар шаҳрванд мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти қабул шаҳрвандонон, асосан, ҷиҳати қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабию миёнаи умумӣ, хусусан, қабули наврасон ба синфи 1, қабул ба мактаб-интарнат, интиқол ва барқарор намудани донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, таъмин бо ҷойи кор, интиқол аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон, таҳсил дар шуъбаи магистратура, таъмин бо хобгоҳ ва чанде дигар дархосту муроҷиатҳои худро пешниҳод намуданд.
Зимни қабули шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илм Р.Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, масъулини раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат вазифадор гардиданд, ки дархосту муроҷиатҳои хатти шаҳрвандонро дар кутоҳтарин муҳлат мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, тибқи тартиби муқарраргардида ба муаллифони муроҷиат посухҳои хаттӣ пешниҳод намоянд.