Ҳадафҳои созанда

23-05-2018
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (22 декабри соли 2017) инъикосгари муҳимтарин воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар маҳсуб мешавад.  Паём дар замоне ироа гардид, ки Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид шудаву мардуми он ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддии сохториро дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат оғоз намуда, бо қабул ва татбиқи як силсила барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои судманд дар татбиқи нақшаҳои азими рушд заминаи мустаҳкам гузоштааст.
Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта,  теъдоди шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чунин таъкид карданд: «Мо бояд  нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъэктҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем».
Воқеан, сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. 
Сармояи инсонӣ, дар ҳақиқат, ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва аз ин рӯ, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ. татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар ба ҳисоб равад.
Мусаллам аст, ки амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.
Солҳои охир ҳамаи мо борҳо аз содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико огоҳ гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нашаванд. 
Ин аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид карданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Дар ҳақиқат, зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хатари зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистон водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ метавонем корҳои азими созандагиро амалӣ намуда, ба ҳадафҳои неки худ бирасем.
 
Исломбек ХОРКАШОВ,
декани факултаи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳони Доншикадаи
соҳибкорӣ ва хизмат