ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

05-01-2022
5-уми январи соли 2022 дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» баргузор гардид, ки дар он ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, Муҳаммад Баротов-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 83 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “ICho-2021” аз фанни химия, Шаҳзод Назиров-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 83 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “ICho-2021” аз фанни химия, Муҳаммадҷон Ҳокимиён-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 109 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IOI-2021” аз фанни технологияи иттилоотӣ, Шамс Давлатбеков-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 77 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IBO-2021” аз фанни биология, Вазирҷон Пиров-хонандаи синфи 11 филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойи сеюм дар байни 121 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IMO-2021” аз фанни математика, Ҷамшед Рустамов-хонандаи синфи 11 филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойи сеюм дар байни 121 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IMO-2021” аз фанни математика ва Усмоналӣ Паҳлавонов-хонандаи синфи 11 филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойи сеюм дар байни 121 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IMO-2021” аз фанни математика бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ва маблағи пулӣ қадрдонӣ шуданд. 
Бояд қайд кард, ки хонандагони мазкур – Шаҳзод Назиров дар панҷ соли охир дар 4 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни химия иштирок намуда, сазовори 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Муҳаммадҷон Ҳокимиён дар 6 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, Шамс Давлатбеков дар панҷ соли охир дар 6 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни биология иштирок намуда, сазовори 4 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ, Вазирҷон Пиров дар панҷ соли охир дар 9 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ, Ҷамшед Рустамов дар панҷ соли охир дар 10 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ ва Усмоналӣ Паҳлавонов дар панҷ соли охир дар 10 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори 1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардидаанд.
Инчунин, ба роҳбарияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, филиалаи Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ”, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара, Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб барои фаъолияти пурмаҳсул дар соҳаи илму маориф, таълиму тарбияи насли наврас, рушди ҳаракати олимпӣ ва ишғол намудани ҷойҳои сазовор дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо “Сипоснома” ва маблағи пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Туҳфаҳоро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар фазои тантанавӣ ба ғолибони олимпиадаҳо ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ тақдим намуд.
Э.ХУШБАХТ