ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМУ ТЕХНИКА» ДАР ДОИРАИ БАРГУЗОРИИ ҲАФТАИ ИЛМ

27-04-2023
Бахшида ба ҳафтаи илми тоҷик бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, олимону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст ҷаласаро Аҳлиддин Ибодуллозода оғоз бахшида, ҳозиринро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ хушомадед гуфт.
Сипас Ҷамшед Ҷӯразода дар маърузаи худ баргузории чунин як ҷаласа ва қадрдонии омӯзгорони пешқадам ва ғолибони озмуни "Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ"-ро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ кард.
Дар идома маросими қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмию эҷодӣ ва навоваронаи ҷавонони кишвар таҳти унвони “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника” баргузор гардид. Озмуни мазкур тибқи низомнома дар ду давр: даври донишгоҳӣ ва даври ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ғолибон бо дипломи дараҷаи 1,2,3 ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд. Дар озмуни имсола аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса иштирок намуда, 290 кори илмӣ пешниҳод гардид.
Тибқи хулосаву баҳогузории гурӯҳи корӣ 26 нафар сазовори дипломи дараҷаи якум, 49 нафар сазовори дипломи дараҷаи дуюм, 42 нафар сазовори дипломи дараҷаи сеюм ва 20 нафар сазовори ифтихорнома гардиданд.
Ҳамчунин, 21 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд. Инчунин, 11 нафар аъзоёни комиссияи ташхисӣ бо Сипосномаи вазорат қадрдонӣ гардид.
Дар охир фаъолон ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани озмуни мазкур аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.
Ёдовар бояд шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмию эҷодӣ ва навоваронаи ҷавонони кишвар таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гузаронида мешавад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон