ҲАФТАИ ИЛМ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26-04-2023
Ҳафтаи равон дар доираи ҳафтаи илм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар конфренсияҳои илмӣ баргузор гардида истодааст.
26 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Масоили мубрами амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар фазои Авруосиё” баргузор гардид. Дар он ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, ректори Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунии Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистон Дониёр Абдураҳмонов, олимону донишмандон аз кишварҳои Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Белоруссия ва Муғулистон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣиштирок намуданд.
Нахуст Абдухалил Ғафурзода дар маросими ифтитоҳии конфренсия суханронӣ намуда, дар бораи кори конфронс ва аҳамияти он ба ҳозирин маълумот дод.
Сипас сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ дар маърузаи худ баргузории чунин як конференсияи бонуфузро дар мавзуи “Масоили амнияти минтақавӣ дар фазои Авруосиё” бахшида ба ҳафтаи илм иқдоми нек арзёбӣ намуд.
Конференсия кори худро дар бахшҳо идома бахшида, баромадкунандагон масъалаҳои муҳимтарин ва нозуки сиёсиву амниятиро мавриди таҳлил қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳафтаи илм конфренсияҳои илмӣ аз 24.04.2023 оғоз ёфта, 27.04.2023 ба анҷом мерасанд.
Маркази матбуоти
Вазоррати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон