ҲАФТАИ ИЛМ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ БА НОМИ ХОСИЯТ МАХСУМОВАИ ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

25-04-2023
Ҳафтаи равон дар доираи ҳафтаи илм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар конфренсияҳои илмӣ баргузор гардида истодааст.
25 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Омӯзиши илмҳои дақиқ, гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ дар замони муосир” баргузор гардид. Дар он директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова н.и.ф., дотсент Зоир Ғафурӣ, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода ва ҳайати профессорону дотсентон, аспирантону магистрон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст Зоир Ғафурӣ дар маросими ифтитоҳии конфренсия суханронӣ намуда, дар бораи кори конфронс ва аҳамияти он ба ҳозирин маълумот дод.
Сипас сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ дар маърузаи худ баргузории чунин як конференсияи бонуфузро таҳти унвони “Омӯзиши илмҳои дақиқ, гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ дар замони муосир” бахшида ба ҳафтаи илм иқдоми нек арзёбӣ намуд.
Конференсия кори худро дар бахшҳо идома бахшида, баромадкунандагон масъалаҳои муҳимтариниро мавриди таҳлил қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳафтаи илм конфренсияҳо аз 24.04.2023 оғоз ёфта, то 27.04.2023 идома меёбанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон