ҲАҚИҚАТЕ, КИ АЗ ОН ЧАШМ НАБОЯД ПӮШИД

15-06-2020
   Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ва мустаҳкам намудани пояҳои сулҳу субот дар Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 1999 ба конститутсия тағйироту иловаҳоро ворид намуд ва барои воқеан дар амал татбиқ намудани принсипҳои давлати демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқбунёд заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард. 
   Дар баробари дигар ҳизбҳо ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ расман иҷозат дода шуд. Аз шумораи намояндагони он, ки аз ибтидо мақсади меҳвариашон ишғол намудани вазифаҳои мансабӣ буд, 30 дар сад ба ҳокимияти давлатӣ роҳ ёфтанд. Ҳизб дар тӯли фаъолияти расмиаш ягон ташаббускорӣ, пешниҳодоти созанда накард, дар таҳияи барномаҳову консепсияҳо ҷиҳати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар саҳм нагузошт. Ҳатто, дар ин муддат аъзои  ҳизб талоше аз худ нишон надоданд, ки вобаста ба шароити тағйирёбандаи ҷомеаи муосир тарки ғояҳои ифротиву шахшудаи динӣ карда, аз шакли фаъолияти гурӯҳии сиёсӣ-ҳарбии махфӣ берун бароянд ва ба як ҳизби воқеан ифодакунандаи манфиат ва иродаи ҳалқ дар парлумон баромад намояд. 
    Бо таълимоти бепоя ва кӯр-кӯрона дар шароити имрӯз чӣ гуна метавон қудрати сиёсӣ ва низоми давлатдориро ба даст овард ва идора намуд? Албатта, ҷавоби ин суол ба хонанда равшан аст. Натиҷаи ин амалкард ба он оварда мерасонад, ки ҷойи илму донишро хурофот, низомро бенизомӣ, ҳамзистии осоиштаро бадбинии иҷтимоӣ, адолатро зулм, эътиқодро тарс, садоқатро хиёнат иваз менамоянд. 
   Боло рафтани ҳисси худшиносии миллӣ ва маърифати динии мардум  имкон дод, то ки қолабҳои зоҳирпарастӣ ва намоишкоронаи ҳизб ва ҳадафу манфиатҳои нуҳуфтаи нопокашон ба ҳама ошкор шавад. 
    Аҳолии кишвар ба тадриҷ аз найрангу бозиҳои сиёсии авомфиребонаи ходимони ҳизб огоҳ мешуданд. Ҳамин аст, ки ҳизб ва ходимони он тадриҷан аз боварӣ ва эътимоди мардум баромада, нуфузашонро дар ҷомеа аз даст доданд. Натиҷаҳои тадқиқотҳои сотсиологие, ки солҳои 2006, 2009 ва 2011 аз тарафи шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови АИ ҶТ гузаронида шуда буд, собит намуд,  ки аксарияти пурсидашудагон (58,8% дар соли 2009 ва 60,3% дар соли 2011) барои мавҷудияти ҳизби сиёсии динӣ дар Тоҷикистон ягон заруриятро намебинанд. Барангехтани низоъҳои иҷтимоӣ дар шароити шиддат гирифтани муборизаҳои сиёсӣ ва геополитикӣ, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон бо истифода аз ғояҳои ифротиву ғаразноки ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломи Тоҷикистон  хеле осон ва аз ҷиҳати хароҷоти стратегияи сиёсӣ-ҳарбӣ каммасраф мебошад. Бинобар ин, ба шаҳрвандони шарифи кишварамон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар субъектони фаъоли равандҳои сиёсӣ таъкид менамоем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз таҷрибаи кишварҳое, чун Либия, Сурия, Сомалӣ, Нигерия, Миср, Яман ва  Афғонистон, ки ҳаёти ҷамъиятиашон дар асоси ғояҳои исломи сиёсӣ бино шудааст ва он ба чи оқибатҳои хунин анҷомида истодааст, сабақ гиранд.
    Муқаррароти моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дунявӣ будани давлатамонро эълон намудааст, ки мувофиқи он ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Мазмун ва моҳияти озодии виҷдонро моддаи 26-и Конститутсияи Тоҷикистон хеле равшану  фаҳмо шарҳ додааст, ки мувофиқи он ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. 
   Бинобар ин, бояд қайд намуд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин ва озодиҳои динӣ пурра дар қолаби меъёрҳои арзишӣ, миллӣ ва ҳуқуқӣ ҷой мегиранд. Бо сарварӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати динии сокинони кишвар ва поку беолоиш нигоҳ доштани дини ислом як қатор чорабиниҳои беназирро, ба мисли соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа (соли 2009) ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши таълимоти он,  тарҷума ва бо теъдоди зиёд ба нашр расонидани китоби муқаддаси мусалмонон-Қуръони карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозат барои фаъолияти расмии 4000 масҷид дар ҳудуди кишвар ва бунёди масҷиди калонтарин дар маркази шаҳри Душанбе, ташкили сафари ҳамасолаи ҳаҷ барои 6000 нафар сокини кишвар ҷиҳати аз ҳурофот ва маросимҳои ғайридиниву сермасраф тоза намудани оини ислом қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба ҳамин монанд иқдомҳои наҷибро рӯйи кор овард.  
    Таъмини сулҳ ва фазои муътадил кафили асосии рушди устувори муносибатҳо байни кишварҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон шинохта шудааст. Аммо аз чи сабаб бошад, ки баъзе кишварҳо ва ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, барандагон ва тарғибкунандагони ғояҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Аврупо ин иқдомҳои наҷиби ҳукумати кишварро дар роҳи дин ва озодиҳои динӣ нодида мегиранд. Дар сурате, ки шиддати низоъҳои бар пояи бадбинии қавмӣ, динӣ ва мазҳабии дар кишварҳои  Осиёи Марказӣ афрохташударо пасттар ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоиштаро фарохтар намоянд, онҳо мавқеи баръаксро ишғол намудаанд. 
   Ногуфта намонад, ки нақши аксари ташкилотҳо дар фароҳам овардани майдони муколама бо гурӯҳҳои мухолифи сохти конститутсионӣ ва ба имзо расонидани созишномаи сулҳ хеле назаррас буд. Ин иқдоми наҷибашонро миллати тоҷик асло фаромӯш нахоҳад кард. 
З.Қодиров, 
дотсенти кафедраи психология ва 
сотсиологияи идоракунии 
Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон