ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

30-11-2022
30-юми ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Нахуст, гузориши З.Назрулозода-муовини сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб”, гузориши С.Ниёзӣ-сардори раёсати илм ва инноватсия “Оид ба натиҷаи қабул ба зинаи магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ”, гузориши Б.Нодиров-мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ “Дар бораи вазъи истифодаи самараноки соатҳои нақшаи таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (интихобан)”, гузориши Ҳ.Саидзода-и.в.сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус “Оид ба натиҷаи ҳозиршавии мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2022”, гузориши А.Наҷмиддиниён-директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф “Оид ба таҳқиқи вазъи раванди таълиму тарбия дар марказҳои инкишофи кӯдаки шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (интихобан) тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, гузориши М.Саломиён-президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон “Оид ба дастгирии методии омӯзгорон – яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот”, гузориши М.Қурбонзода-сардори шуъбаи сифати таҳсилот “Оид ба таҳлили сифати таҳсилот ва натиҷаи кори гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар нимсолаи дуюм дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Спитамен ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд”, гузориши Н.Мирзозода-сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ “Оид ба вазъи пешбурди раванди таълим аз рӯйи ихтисосҳои технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ” ва гузориши Р.Одиназода-директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ “Дар бораи натиҷагирӣ ва ҷамъбасти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ва бурсияҳои байниҳукуматӣ” шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷалб намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, қарорҳои ҳайати мушовара ва ҷаласаҳои назоратӣ дар самти татбиқи нақшаю барномаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои ихтисосманду китобҳои дарсӣ, назорати ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ва таъмини онҳо бо имтиёзҳои пешбинишуда, омода намудани хонандагон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, назорати иҷрои нақшаи қабул дар зинаҳои магистратура ва докторантура дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома Барномаи таълими фанни математика дар гурӯҳи тайёрӣ ва синфҳои 1 – 4-уми муассисаҳои махсуси кӯдакони ношунаво, шунавоиашон суст ва деркаршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  китобҳои дарсии «Математика» барои хонандагони синфи 1 ва 2-юми муассисаҳои махсуси кӯдакони кар ва гурӯҳи дуюми мактабҳои кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршуда,  «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 8, «Таҷҳизоти технологӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, «Химияи органикӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва «Электр ва магнетизм», ки бо қаори Шурои миллии таҳсилот барои тасдиқ пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сипас, гузориши Р.Одиназода-директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ “Дар бораи бекор кардани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2016, №2/5” ва гузоришҳои Н.Мирзозода-сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ “Оид ба Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024”, “Оид ба Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2023-2024” ва “Оид ба Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Р.Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои додашуда дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ба роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо доир ба дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи зимистони солҳои 2022-2023, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти тирамоҳӣ дар заминҳои наздимуассисавӣ, захираи маҳсулоти хурока ва маводи сузишворӣ дар муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта ва мактаб-интернатҳо, инчунин, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, таваҷҷуҳ намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва пайгирии рафти шаффоф баргузор шудани аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.