ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

28-02-2022
28-уми феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа 7 масъала, аз ҷумла “Оид ба азхудкунии нақшаю барномаҳои таълимӣ ва сифати таҳсилот аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” (гузориши Ҳ.Вализода-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ), “Дар бораи китоби дарсии «Физиатрия» барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (тиббӣ), муаллифон: Сироҷиддинов У. Ю., Бобохоҷаев О. И.” ва “Дар бораи китоби дарсии «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ», муаллиф: Матробиён Саодатшо Қосимзода” (гузориши К.Исозода-директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ), “Дар бораи дарсҳои видеоӣ аз фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” (гузориши У.Сафарзода-директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ), “Дар бораи Низомномаи озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон”” (гузориши М.Бобоева-мудири бахши таҳсилоти томактабӣ), “Оид ба тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023” ва “Оид ба тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2022-2023” (гузориши Ф.Ҳайдаров-сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охири ҷаласа вазири маориф ва илм Р.Саидзода вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, хусусан баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, инчунин, дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст намудани озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.