ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ДЕКАБР

29-12-2023
29 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар шахсони масъул ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, иброз дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маорифи кишварро мебояд барои рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, таълими босалоҳият дар раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.
Сипас ҳисоботи сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм Н. Убайдуллозода оид ба ҷамъбасти ҳисоботҳои омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ шунида шуд.
Дар рафти баррасии масъалаи мазкур вазири маориф ва илм қайд намуд, ки фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ миёна ва олии касбӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илм ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба фарогирии бештари хонандагон дар ин зинаҳои таҳсилот, таҳияи нақшаву дурнамо, ҳавасмандгардонии хонандагону донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тақвияти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.
Дар идома масъалаҳои пешниҳоди адабиёти таълимӣ «Барномаи рушди барвақтии кӯдак» барои мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва падару модарон (мураттибон: И. Х. Каримова, З. Курбонбекова, Б. Ҳакимова), «Барномаи таълими фанни технологияи иттилоотӣ барои синфҳои 5-11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬» (мураттибон: Ф. С. Комилиён, Б. Ф. Файзализода), барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ - китоби дарсии «Practical english» Book 1 (Амалияи забони англисӣ) қисми I барои факултетҳои забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Ситора Хайруллоева, Хиромон Худоиева), китоби дарсии «Асосҳои кӯҳкорӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Н. М. Ҳасанов, А. М. Алимардонов, Б. У. Бобоев, М. Н. Ҳасанов), китоби дарсии «Маркетинг дар соҳаи фарҳанг» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Арабзода Фирдавс), китоби дарсии «Методикаи таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: М. М. Комилов), китоби дарсии «Тиҷорати электронӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: С. Зайнудинов, С. Ҷ. Зайниддинзода, А. Зайнудин, Н. С. Салимов), китоби дарсии «Транспортные характеристики и правила перевозки отдельных видов грузов» («Тавсифномаи нақлиётӣ ва қоидаҳои ҳамлу нақли намудҳои алоҳидаи борҳо» – бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Н. А. Филиппова, Р.С. Саломзода, Р.М. Бобоев), китоби дарсии «Усули озмоиши хосиятҳои масолеҳи сохтмонӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: А. Шарифов) ва китоби дарсии «Физикаи атом ва ядро» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: А. Нарзиев) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон