ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

12-05-2023
12 майи соли равон дар Муассисаи давлатии "Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ" ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовини раиси ВМКБ, аъзоёни ҳайати, мушовара, сардорони раёсат, шуъба, бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ВМКБ баррасӣ гардида истодааст.
Гузориши муфассал аз баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар давоми рӯз пешниҳод мегардад.


Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон