ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР ГАРДИД

12-04-2022
12-уми апрели соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид. Дар он Раҳим Саидзода-вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, аъзои мушовара, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, Комиссияи олии асттестатсионӣ, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои баррасишаванда, нахуст, ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол» шунида шуд.
Зикр гардид, ки таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз зумраи ташаббусҳои судманди Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ки дар меҳвари он таваҷҷуҳ ва дастгирии масъулини соҳаи маориф қарор дорад.
Амалӣ гардидани барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти таъмини пешрафти рушди маориф, сохта ва ба истифода додани иншооти гуногуни соҳа, марҳала ба марҳала баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз ибтикороти самарабахши Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаи маорифи мамлакат нақши муассир мегузоранд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар татбиқи ҳамаҷониба ва густариши ин соҳаи афзалиятноки мамлакат нақши арзишманд гузошта, масъулияти баланд нишон диҳем, рисолати касбии худро дар назди ҷомеа ва давлату миллат содиқона ва поквиҷдона иҷро намоем, то соҳаҳои маориф ва илм рушд кунанд, мақоми омӯзгор ва сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд гардад.
Таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия яке аз масоили умдаи соҳа ба ҳисоб меравад. Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фарогирии кӯдакони синни аз 3 то 6-сола ба таълиму тарбия бояд аз 15,6% то ба 40% расонида шавад.
Ҳоло шумораи муассисаҳо дар ҷумҳурӣ ба 696 адад ва фарогирии тарбиягирандагон ба 101 ҳазору 170 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 18 муассиса ва 4006 нафар кӯдак зиёд мебошад. Дар робита ба «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» агар дар соли 2021 1764 марказ бо фарогирии 49 ҳазору 332 нафар фаъолият дошт, пас ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 1810 адад расид, ки дар онҳо 51 ҳазору 265 нафар ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби ташкили таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Тартиби баргузории дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва баррасии лоиҳаи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2026 дар вазорату идораҳо аз дастовардҳои муҳими ин самт ба шумор меравад.
Ҳадаф аз қабули Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо маводи зарурӣ ва ба ин васила, беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ мебошад. Мутаассифона, иҷрои нақша дар соли 2021 бо сабаби ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Роғун, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нурободу Сангвор таъмин нагардид.
Ташкили олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ яке аз равандҳои дигари фаъолият ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ 16 даври минтақавии он гузаронида шуд.
Дар даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3471 нафар иштирок намуда, 454 нафар хонанда аз шумораи умумии иштирокчиён ғолибият ба даст оварданд. Аз теъдоди умумии ғолибон 98 нафар (21,5%) сазовори медали тилло, 131 (28,8%) нафар медали нуқра ва 225 (49,5%) нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, химия, биология ва география) барои хонандагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 553 нафар иштирок намуд, ки аз ин шумора 291 (52,6%) нафар аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 242 (43,8%) нафар аз муассисаҳои таҳсилоти умумии типпи нав мебошанд. Натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳои мазкур нишон дод, ки аз шумораи умумии иштирокчиён 192 (34,7%) нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Аз ҷумла, 28 нафар (14.5%) сазовори медали тилло, 52 (27%) нафар медали нуқра ва 112 (58,3%) нафар сазовори медали биринҷӣ гардидаанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1698 маҳфил фаъолият намуда, фарогирии таълимгирандагон 57212 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин теъдод 35639 нафари онҳо, яъне 62%-ро духтарон ташкил медиҳанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо 45 синфхонаи Созмони хонандагон таъмир гардида, 2 озмоишгоҳи инноватсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳоло сохтмони муассисаҳои таҳсилоти иловагии дуошёнаи замонавӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Ванҷ идома дорад. Мавриди қайд аст, ки дар шаҳри Гулистон бинои сеошёнаи маркази таҳсилоти иловагӣ сохта бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз соҳаҳои муҳим дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи кишвар саҳми босазо дорад.
Дар миқёси ҷумҳурӣ 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд, ки аз ин теъдод 57 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии хусусӣ мебошад. Нисбат ба соли 2021 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ зиёд гардидааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 20 879 хонанда ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 94 262 донишҷӯ таҳсил менамоянд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ 2241 нафар омӯзгору устои таълимӣ ба кори таълиму тарбия машғуланд. 
Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон шудани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат, инчунин, гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба шакли индустриалӣ-аграрӣ ва таъмини корхонаҳои навтаъсиси ҷумҳурӣ бо мутахассисони касбӣ ба кушодани ихтисосҳои нав зарурати воқеӣ пайдо шудааст.
Дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 21 муассисаи таълимии соҳаи техникӣ ва технологӣ фаъолият менамояд, ки аз рӯйи 98 ихтисос мутахассисонро омода менамоянд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти олии касбӣ ин, мутобиқ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва дар ин замина, омода кардани кадрҳои баландихтисоси мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷии кишвар мебошад.
Дар иртибот ба ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии компоненти 2 Лоиҳаи рушди таҳсилоти оли касбӣ лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми таҳсили докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки кадрҳои илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ бевосита дар дохили кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд.
Ҳамин аст, ки тибқи ҳисоботи омории соли таҳсили 2021-2022 дар ҷумҳурӣ 3435 нафар кадрҳои илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 706 нафар доктори илм - 21% (аз ин 127 нафар зан - 3,7%) ва 2729 нафар номзади илм - 79% (аз ин 957 нафар зан - 28%) мебошанд. Вале, мутаассифона, теъдоди олимони ҷавони то синни 35-солаи дорои дараҷа ва унвони илмӣ қонеъкунанда набуда, ҳамагӣ 286 нафар (8,3%)-ро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 56 нафарашонро занон (1,6%) ташкил медиҳанд.
Бояд таъкид намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 37 шӯрои диссертатсионӣ амал менамояд, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, аз рӯи 145 ихтисоси анъанавӣ ва 122 ихтисоси доктори фалсафа (PhD) ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докториро баҳогузорӣ менамоянд.
Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар шӯроҳои мазкур 105 адад рисолаи илмӣ дифоъ гардид.
Айни замон, дар ҷумҳурӣ 14 шӯрои дессертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия фаъолият менамоянд. Дар шӯроҳои мазкур 25 нафар, аз ҷумла, 5 нафар рисолаи докторӣ ва 20 нафар рисолаи номзадии худро ҳимоя кардаанд.
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат ба муассисаҳои зикршуда сафарбар менамояд. Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 барои 2166 нафар пешниҳод гардида буд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 828 нафар кам мебошад.
Эҳтиёҷоти пешниҳодшуда барои соли таҳсили 2021-2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 59 нафар, вилояти Хатлон 440 нафар, вилояти Суғд 708 нафар, шаҳри Душанбе 194 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 765 нафарро ташкил медиҳад.
Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон фармоиши вазири маориф ва илм аз 9 феврали соли 2022, №165 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2022” ба тавсиб расид, ки тибқи он моҳи майи соли ҷорӣ бо иштироки кормандони вазорат тақсимот гузаронида шуда, натиҷаи он дар нимсолаи дуюми соли 2022 дар маҷлиси назоратии назди вазири маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.
Рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳоте, ки дар соҳаи маориф гузаронида шуда истодааст, аз афзоши маблағгузории он вобастагӣ дорад.
Соли 2022 барои соҳаи маориф 6 млрд. 304 млн. 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 11,3 % зиёд буда, танҳо 375 млн.700 ҳаз. 678 сомонии он мансуб ба Вазорати маориф в илм ва муассисаҳои зертобеъ мебошад.
Хароҷоти соҳаи маориф дар соли 2022 барои зинаи таҳсилоти томактабӣ 425 млн. 200 ҳазор сомонӣ (нисбат ба соли 2021 7,3% зиёд), таҳсилоти умумӣ 3 млрд. 374 млн. 100 ҳазор (нисбат ба соли 2021 7,7% зиёд), таҳсилоти ибтидоии касбӣ 81 млн. 500 ҳазор (нисбат ба соли 2021 бетағйир), таҳсилоти миёнаи касбӣ 283 млн. (нисбат ба соли 2021 8,6% зиёд), таҳсилоти олии касбӣ 1 млд. 110 млн. 100 ҳазор (нисбат ба соли 2021 10,1% зиёд) ва барои дигар хароҷотҳои соҳа бошад 1 млрд. 30 млн сомонӣ (нисбат ба соли 2021 32% зиёд) мебошад.
Яке аз дастовардҳои Вазорати маориф ва илм дар сатҳи ҷаҳонӣ дар солҳои охир ин аз тарафи ташкилоти Шарикии Глобалии маориф (GPE) аз миёни 76 давлат интихоб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси гирандаи грантҳои пилотӣ ба ҳисоб мераванд. Ин грантҳо ба давлатҳое дода мешавад, ки нақшаи стратегии муайяни амал барои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ дошта бошанд.
Ҳамзамон, дар санаи 15 марти соли 2022 Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо ҳамкорони маорифи маҳаллӣ ҳуҷҷати “Компактро” ба таври расмӣ ба котиботи Шарикии Глобалии маориф (GPE) ба шаҳри Вашингтони ИМА фиристонид, ки зери он 17 ташкилоти байналмилалӣ имзоҳои худро барои дастгирӣ намудани ҳуҷҷати мазкур гузоштаанд, ки ин нишони баланди ҳамкориҳои вазорат бо шарикони рушд ва дастгирӣ намудани онҳо аз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат мебошад.
Дар самти робитаҳои байналмилалӣ яке аз рӯйдодҳои муҳим ин дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мисри Араб ба имзо расонидани Созишномаи нав оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмии Ҷумҳурии Мисри Араб ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ ба шумор меравад.
Дар семоҳаи соли ҷорӣ вобаста ба иҷроиши муқаррароти протоколҳои ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бо кишварҳои Россия, Қазоқистон, Украина, Беларус, Туркия, Япония, Корея, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон корбарӣ карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо пешниҳодҳои мушаххас карда шуданд.
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Федератсияи Россия дар баррасии миёни ҷонибҳо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсия Россия оид ба баробарарзишии дараҷа ва унвонҳои илмӣ қарор дорад.
Дар соли 2022 тибқи маълумоти омории дастрасгардида дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 346 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 83 874 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки то охири соли ҷорӣ зиёда аз 200 (57,8 %) бинои муассисаи таълимӣ сохта ба истифода шавад.
Дар ин давра, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 12 (3,46 %) муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 1819 ҷойи нишаст дар як баст ва 3 муассисаи томактабӣ барои 580 кӯдак сохта ба истифода дода шуд.
Дар идома, вазири маориф ва илм Р. Саидзода фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази матбуот ва нашрияҳои соҳавӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Муассисаи нашриявии “Маориф”-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар охир зикр кард, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои морифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат мушкилоту норасоиҳои зиёде ҳанӯз ҷой доранд ва ҷиҳати иҷрову бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо дорад.
- Вобаста ба ин, ба муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта дастур дода мешавад, ки дар асоси проблемаву мушкилоти болозикр ва нақшаи чорабиниҳое, ки аз натиҷаи ҷаласаи мазкур таҳия мегардад, нақшаи чорабинии дохилимуассисавӣ таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои бандҳои он ва ҳалли мушкилоти соҳа чораҳои бетаъхир андешанд,-таъкид кард вазир.
Сипас, Ҳомид Ҳошимзода - директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Ғазалшо Сафарзода - сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, Муҳибулло Зувайдуллозода – директори Мактаби байналмилалии Президенти дар шаҳри Душанбе, Мироҷиддин Наботов - намояндаи Прокуратураи генералӣ ва Моҳтоббӣ Одиназода - намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илмро дар семоҳаи якуми соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорон қарорҳои дахлдор қабул гардид.