ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024 БАРГУЗОР ШУДА, ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

12-07-2024
12-уми июли соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар шаш моҳи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Абдулло Раҳмонзода – Ёрдамчии Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф ва кормандони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд.
Нахуст оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи соли 2024 таъкид доштанд, ки «мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла, ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст».
Дар баробари ин, маҳз бо дастгирии бевоситаи Президенти маҳбубамон шуруъ аз моҳи ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳа 40 фоиз зиёд гардид. Дар маҷмуъ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи имконоти молиявии мамлакат 21 маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи маориф зиёд карда шудааст. Ин ғамхорию таваҷҷуҳ ва таъкидҳои Пешвои миллат моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоем ва дар таълиму тарбияи насли шоистаи замон саҳми арзанда гузорем.
Ҳамзамон, дар баробари корҳои анҷомёфта дар нимсолаи якуми соли 2024, мо, кормандони соҳаро зарур аст, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда беш аз ҳарвақта талош варзем.
Сипас, дар қисмати музокира суханронии ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Муҳаммад Орифзода ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Зикриддин Соҳибназаров шунида шуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи солонаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисобида шуд.
Ҳамчунин, Абдулло Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастоварду мушкилоти ҷойдошта моро зарур аст, ба таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус, баланд бардоштани ҳиси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли ин масъалаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагӣ дорад, вазифаи ҷонии кормандони соҳа ба шумор меравад.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон