ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024 БАРГУЗОР ШУДА, ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

04-04-2024
4-уми апрели соли ҷорӣ дар толори Литсейи ба номи Умари Хайёми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорону кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо то охири сол» шунида шуд.
Дар маърузаи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм аз тадбирҳои муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ёдовар шуда, фаъолияти вазорат ва зерсохторҳоро дар самти аудит ва санҷишҳои аудитӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистон, аз эътибор соқит намудани воситаҳои корношоям дар муассисаҳои таълимӣ, таъминоти кадрӣ, ташкили гурӯҳҳои рушди барвақтии кӯдак ва марказҳои инкишофи кӯдак, зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои давраи то соли 2030,  таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ, риояи талаботи тағйирот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" дар мавриди ҳатмӣ гардидани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили курсҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон, рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷ дар самти маориф, бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона, омода кардани кадрҳои илмӣ, бартараф намудани норасоии кадрию китобҳои дарсӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ,  теъдоди омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», таҳияи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
 Дар идома фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва Маркази матбуот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат, мушкилоту норасоиҳои зиёде ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад.
Муҳаммаддовуд Саломиён - президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Лайло Раҷабова - мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар семоҳаи аввали соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илм ҷамъбаст намуда, дар охир бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо барои соли 2024 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон