ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ «ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД

09-10-2023
9 октябри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи мазкур Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Бухоризода Мансур – сардори раёсати огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон, Нусратзода Иброҳим – прокурори калони раёсати ноболиғону ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқзода Хурсанд – муовини директори Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Маҳтоббӣ – сардори шуъбаи соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф ва кормандони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд. Оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм суханронӣ кард.
Раҳим Саидзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, мунтазам ин соҳаи калидии ҷомеаро дастгирӣ менамоянд. Ин аст, ки Пешвои миллат қайд намуданд, ки “ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу бумисарзамини аҷдодӣ омода карда шавад”.
Сипас, дар қисмати музокира суханронии Сафарзода Ғазалшо – сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Шафизода Фарҳод – директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод шунида шуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи нуҳмоҳаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисобида шуд.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастоварду мушкилоти ҷойдошта моро зарур аст, масъалаҳои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба кабинетҳои фаннӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли ин масъалаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагии сахт дорад, вазифаи ҷонии кормандони соҳа ба шумор меравад.
Дар охир миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон