Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба сохтмони мактабҳои русӣ баргузор гардид

16-03-2021
   16-уми марти соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм ҷаласаи онлайнии гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷҷаҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Тусунзода, ки аз ҷониби Федератсияи Россия роҳандозӣ мегардад, баргузор гардид.
   Дар ҷаласаи мазкур Собирзода Н.- муовини вазири маориф ва илм, Горбенко И.П. – роҳбари самти сохтмон дар Тоҷикистон (Бунёди Авруосиёии пойдорӣ ва рушд), намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода иштирок карданд. 
   Дар рафти ҷаласа иштирокдорон асосан вобаста ба оғози корҳои лоиҳакашию сохтмонии 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ мубодилаи афкор намуда, таъкид доштанд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода таҳия ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо ҳарчи зудтар ба роҳ монда шуда, ҷиҳати дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва оғоз намудани корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Азиза Бодурова