ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИИДОРАВӢ: МУАССИCАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ БА НИЗОМИ МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ МЕГУЗАРАНД

21-09-2022
21-уми сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омоданамоии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ” доир гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, мушовирон ва муҳосибони донишгоҳҳо иштирок намуданд. 
Дар оғоз, Б. Музаффарзода - сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм қайд намуд, ки аз 1 январи соли 2008 сар карда давра ба давра дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағғузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба ғайр аз мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо) ба низоми маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронида шуданд. Дар ин давра афзоиши маблағгузории меъёрҳои сарикасӣ 4,3 маротиба афоиш ёфтааст, ки ин ҳам бошад барои пешрафти соҳаи маориф ва мустаҳкам кардани базаи моддию техникии муассисаҳои зинаи таҳсилоти умумӣ мусоидат карда истодааст.  Ҳамасола дар давраи таҳияи лоиҳаи буҷет аз тарафи Вазорати молия дар якҷояги бо Вазорати маориф ва илм меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ бозбинӣ карда шуда, дар доираи имкониятҳои молиявӣ маблағгузории соҳа афзоиш дода мешавад. Муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз 1 январи соли 2017 ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронида шудаанд. Ҳадафи асосии ислоҳоти мазкур тақсимоти боадолатона ва шаффофи маблағҳои буҷети давлатӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодабарии онҳо мебошад.  
Дар ин замина, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории байниидоравӣ бо мақсади иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01.2022, №2 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» ва аз 29.09.2020, №526 «Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои маблағгузории (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ»-ро омода намояд. 
Ҳадаф аз гузариш ба низоми меъёрии маблағгузорӣ ин баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ҳавасмандсозии рақобат байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои баланд бардоштани сифати таълим, ба шароити нав муносибтар сохтани шабакаи муассисаҳои таълимӣ, инчунин фароҳам овардани замина барои сарфаи маблағ ва аз нав тақсим кардани мақсадноки онҳо сурат мегирад.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон оид ба муҳим ва самарабахш будани ин гузариш, ҷанбаҳои мусбати он, омӯзиши низоми маблағгузорӣ дар дигар давлатҳо, шафофият ва мустақилияти молиявӣ фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд. 
Бахтовар Сафаров