ҶАЛАСАИ ҲИЗБИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ГАНҶ» БАРГУЗОР ШУД

27-07-2020
  Рӯзи 27-уми июли соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии «Ганҷ»-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид, ки дар кори он вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Ганҷ» ширкат намуданд.
  Дар рафти ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Ганҷ»-и ҲХДТ дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳисобот дода, аз ҷумла, қайд кард, ки ташкилот дар вазорат 64 нафар фаъолонро аз ҳисоби академикҳо, профессорон, докторони илм ва фаъолони соҳа дар атрофи худ муттаҳид намудааст, ки пайваста тавассути ВАО суханронӣ намуда, дар тарғибу муаррифии дастовардҳои миллию давлатӣ саҳми сазовори хешро мегузоранд.
  - Фаъолияти таблиғотии аъзои ташкилоти ибтидоии «Ганҷ»-и ҲХДТ, пеш аз ҳама, дарбаргирандаи унсурҳои муҳими қонунгузорӣ, демократия ва маърифати сиёсӣ буда, ғояҳои созандаи он бо барномаҳои стратегии Ҳукумати мамлакат созгор аст, ки таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди усутувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» амалӣ мешавад,-афзуд муовини вазир.
  Инчунин, зикр гардид, ки яке аз роҳҳои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад, ки он дар татбиқи нақшаву барнома, стратегия ва консепсияҳои соҳавӣ инъикос меёбад. Аъзои ташкилоти ибтидоӣ барои расидан ба ҳадафҳои муҳими соҳа, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллии рушди маориф барои то соли 2020 ва иҷрои нақшаҳои миёнамуҳлати он тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд, ки сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шавад.
   Дар ҷаласа Носир Сайдализода-сардори раёсати илм ва инноватсия, Илҳом Камолзода-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, Бадриддин Музаффаров-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, Рамазон Одиназода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм зимни музокира фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Ганҷ»-ро дар нимсолаи якуми соли 2020 қаноатманд ҳисобида, инчунин, вобаста ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилот андешаронӣ намуданд.
   Дар идомаи кори ҷаласа Эҳсон Сафарзода-сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм оид ба рафти иҷрои нақшаи «Обуна-2021» ба нашрияҳои ҳизбӣ - «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» ҳисобот дода, қайд намуд, ки ҳамасола нақшаи обуна ба пуррагӣ иҷро шуда, дар ин самт аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои тобеи он мушкилие вуҷуд надорад.
    Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур раиси ташкилоти ибтидоии «Ганҷ», муовини раис ва котиби ташкилот аз нав интихоб карда шуданд. Аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоӣ пешниҳод гардид, ки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии «Ганҷ»-и ҲХДТ, Нуралӣ Собирзода-муовини вазир ба ҳайси муовини раис ва Фирӯза Асфияева-муовини сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун котиби ташкилот интихоб карда шаванд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоӣ якдилона пазируфта шуд.
   Дар фарҷоми ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии «Ганҷ», вазири маориф ва илм М. Имомзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе И.Мирзозода дар мавриди омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии дарпешистода ва барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати татбиқи саривақтии нақшаи кори ташкилоти ибтидоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон