ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ““ТОҶИКОН” - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ”

29-08-2023
29 августи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Матлубахон Сатториён - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”, муовини Сарвазири кишвар, Раҳим Саидзода - вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Сараввал Матлубахон Сатториён ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври сеюми озмун шинос намуд.
Сипас Раҳим Саидзода доир ба омодагиҳо ба даври сеюм ва тартиби баргузории он зикр кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «"Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун соли равон довталабони зиёде ширкат варзиданд ва он дар дарёфти чеҳраҳои наву наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд. Дар ин росто Вазорати маориф ва илм баҳри дар сатҳи хуб ба роҳ мондани озмуни мазкур бо дигар ниҳодҳои дахлдор корбарӣ намуда истодааст.
Дар идома котиби комиссияи озмун, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода оиди даврҳои якум, дуюм ва баргузории даври сеюми он ба ҳозирин иттилоъ дод. Қайд гардид, ки дар даври якуми озмун 140 787 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 19 735 нафар дар даври дуюми озмун ширкат варзид. Аз теъдоди иштирокчиёни даври дуюми он 1605 нафар ба даври сеюм роҳ ёфт.
Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, аз аъзои ҳакамон дархост ба амал оварда шуд, ки дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳогузорӣ карда, нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.
Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
Гуфта шуд, ки даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 12-ум то 22-юми сентябри соли равон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем ки озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” таҳти сарпарастии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон