ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 

25-02-2022
25-уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷаласаи кории вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва кормандони вазорат иштирок доштанд. 
Зимни ҷаласа Р. Саидзода-вазири маориф ва илм дар қатори масъалаҳои баррасишаванда, инчунин, вобаста ба проблемаву мушкилоти соҳаи маориф сухан ронда, доир ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардидаанд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Дар идомаи ҷаласа Ғуломқодир Бобизода-президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Фирӯза Асфияева-раиси Иттифоқҳои касабаи дастгоҳи марказии вазорат, Саида Набизода-сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”, Киромиддин Назаров-директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ба музокира баромада, доир ба баъзе проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар муассисаҳои тобеи вазорат ва роҳҳои ҳалли онҳо андешаҳои худро иброз намуданд.
Бахтовар Сафаров