ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР ГАРДИД

10-04-2020
10-уми апрели соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2020 доир гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа маърӯзаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020» шунида шуд, ки дар он дастовард ва проблемаву мушкилоти соҳа мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт.
Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад».
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф ва илм дар семоҳаи аввали соли 2020 фаъолияти худро дар доираи Паём, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Вазорати маориф ва илм, консепсияву стратегияҳо ва барномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм корҳои муайянро ба анҷом расонид.
P.S. Вобаста ба самтҳои мухталифи фаъолияти вазорат гузоришҳо дар алоҳидагӣ пешниҳод мегардад.