ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР ГАРДИД-2

10-04-2020
Дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2020 иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 7177 ҳуҷҷат ворид гардид, ки аз ин шумора 685 ҳуҷҷат аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1058 ҳуҷҷат аз вазорату идораҳо, 284 ҳуҷҷат аз муассисаҳои зертобеи вазорат, 677 ҳуҷҷат аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 1227 ҳуҷҷат аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 843 ҳуҷҷат аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 2270 муроҷиатҳои шаҳрвандон, 20 муроҷиатҳои шикоятӣ ва 113 ҳуҷҷат тавассути факс мебошад.
Дар ин давра 4704 адад мавод аз Вазорати маориф ва илм содир карда шудааст. Аз ҷумла, 181 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4523 адад ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсату шуъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва дигар ташкилоту муассисаҳо содир гардидааст.
Вобаста ба ҳаллу фасли муроҷиатҳои шаҳрвандон, 11 маротиба қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, барои ҷавоби саривақтии муроҷиати хаттии 805 нафар шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳо дода шудааст.
Инчунин, 4 ҷаласаи мушовараи навбатию ҷамъбастӣ бо баррасии зиёда аз 135 масъала ва 3 ҷаласаи назоратии назди вазир бо баррасии 9 масъала доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.