ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР ГАРДИД-3

10-04-2020
Дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2020 қайд гардид, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятнок буда, фарогирии кӯдакон тадриҷан афзуда, теъдоди муассисаҳои мазкур дар ҷумҳурӣ ба 662 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 102175 нафар расидаст, ки дар муқоиса ба соли таҳсили 2018-2019 26 муассиса ва фарогии кӯдакон ба теъдоди 5597 нафар кӯдак зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, новобаста аз мақом ва шакли ҳуқуқӣ ба 15,9% расидааст, ки ин нишондод дар ҷумҳурӣ нокифоя арзёбӣ мегардад.
Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи кӯдакони синни аз 3 то 6-сола ба 1137400 нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2015-ум 255000 нафар зиёд мегардад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд аз 15,9%-и имрӯза то соли 2021 ба 30% расонида шавад. 
Вобаста ба ин, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таҳким бахшида, ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳо ва ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Дар робита ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти таъсиси маркази инкишофи кӯдак корҳои муайян амалӣ гардид. Агар чунин марказҳо дар соли 2018-ум 1697 адад бо фарогирии 46360 нафар кӯдак фаъолият карда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2019-2020 ба 1771 адад расид, ки дар онҳо 49721 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуд.
Ин нишондиҳандаҳо дар ҳолест, ки тибқи мактуби дастурии вазорат сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф муваззаф гардида буданд, ки бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳатман марказҳои инкишофи кӯдакро ташкил намуда, ба ин восита дар фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ саҳмгузорӣ намоянд.
Гузашта аз ин, “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” қабул гардид.
Вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид.
Аз ин рӯ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф бори дигар вазифадор гардиданд, ки дар самти таъсиси маркази инкишофи кӯдак тадбирҳои амалӣ андешида, аз натиҷаи он моҳи сентябр ба вазорат маълумот пешниҳод намоянд.