ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ ОИД БА ТАДБИРҲОИ ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ

06-06-2019
Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми июни соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони Бонки миллӣ, БДА «Амонатбонк», ташкилотҳои қарзӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илм баргузор гашт, ки дар он асосан рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2018, №565 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғоз Б. Музаффаров – сардори раёсати иқстисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм ҳадафи асоси ҷаласаро ба саъми ҳозирин расонида, газаштан ба ин низомро судманд арзёбӣ намуд. Сипас, Ф. Раҳматов – сардори шуъбаи назорати низоми пардохти идораи пардохти Бонки миллии Тоҷикистон бандҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2018, №565 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»-ро ба иштирокдорон муфассал шарҳ дод.
Инчунин, дар идомаи кори ҷаласа масъалаҳои номгӯи хизматрасониҳои пулакии муассисаҳои таълимӣ, тартиби ба роҳ мондани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва назорати доимӣ оид ба фаъол будани терминалҳо яъне истифода бурдани онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО