ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

30-12-2022
30-юми декабри соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара – муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ҷаласа ҳайати нави мушовараи Вазорати маориф ва илмро муаррифӣ намуда, зикр кард, ки бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Мирзозода-сардорони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва Баҳром Исмоилзода-сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба сифати аъзои нави ҳайати мушовара интихоб гардидаанд.
Сипас, гузориши Н. Убайдуллозода-сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм “Оид ба ҷамъбасти ҳисоботҳои омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ”, гузориши А. Гулзода-директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия “Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №43 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”, гузориши М.Қурбонзода-муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба вазъи иҷрои Созишномаи соҳавӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҷ. Намоззода-ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф “Оид ба ҷамъбасти “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022””, гузориши Н.Зайниддинзода-директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ “Оид ба китоби дарсии «Русский язык» (Забони русӣ) барои хонандагони синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Гусейнова Татяна Владимировна)”, “Оид ба китоби дарсии «Технологияи иттилоотӣ» барои хонандагони синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ(муаллифон: Комилиён Файзалӣ, Раҳмонзода Зикриё)”, “Оид ба китоби дарсии «Зоология» барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ(муаллифон: Маҳмадзиёев Абдулло, Исозода Комилшоҳ)”, “Оид ба китоби дарсии «Технология» (Таълими меҳнат барои духтарон) барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ(муаллифон: К. Обидова, М. Давронӣ, М. Рӯзиева)”, “Оид ба китоби дарсии «Технология» (Таълими меҳнат барои писарон) барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ(муаллифон: Азизов Абдулатиф, Азизов Шерзод)”, “Оид ба китоби дарсии «Химия» барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Иброҳимов Ҳошимҷон, Ҳакимхӯҷаев Сироҷиддин, Азизов Абдулҳафиз, Зубайдов Убайд, Тошев Абдуҳасиб)”, “Оид ба китоби дарсии «Химия» барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ(муаллифон: Бандаев Сироҷиддин, Қимматзода Рустам, Бобизода Ғуломқодир, Зубайдов Убайд)”, “Оид ба китоби дарсии «Зоологияи муҳрадорон» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Муҳиддинов Анваридин Риёзиддинович)”, “Оид ба китоби дарсии «Иқтисоди рақамӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Шамсов Илёсҷон Сафарович)”, “Оид ба китоби дарсии «Парандапарварӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ(муаллифон: Комилзода Давлатҷон Қаюмӣ, Раҳматова СадафмоҳАйдаровна, Эргашев Даврон Дадоҷонович, Бобозода Оятулло Сотимович, Усмонов Нурмуҳаммад Собирович, Бозоров Шариф Эмомович)”, “Оид ба китоби дарсии «Строительная механика» (Механикаи сохтмон) [бо забони русӣ] (муаллифон: Қаландарбеков Имомёрбек Қаландарбекович, Низомов Ҷаҳонгир Низомович, Қаландарбеков Ифтихор Имомёрбекович)” ва “Оид ба китоби дарсии «Учебный-академический рисунок» (Расми таълимии академӣ) [бо забони русӣ] барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Абдуллоев Ҳабиб Фатҳуллоевич)” шунида шуд.
Дар рафти пешниҳоду баррасии гузоришҳо ва қабули қарорҳои дахлдор раиси ҷаласа ба масъулин вобаста ба пешниҳоди омори дақиқ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ, татбиқи босамари Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани омилҳои иҷро нагардидани бандҳои дахлдори барномаҳои мазкур, ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, вусъат додани ҳамкорӣ дар самти шарикии иҷтимоӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи бандҳои Созишномаи соҳавӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати чопи босифати китобҳои дарсӣ ва дар баробари ин таъмин намудани омӯзгорон бо дастури Роҳнамои омӯзгор, ки дар асоси китоби дарсӣ таҳия карда мешавад, ҳамзамон, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи зимистони солҳои2022-2023, пешгирӣ аз сӯхтор дар муассисаҳо, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, таваҷҷуҳ намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, омода намудани мутахассисони донандаи забонҳои русию англисӣ барои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома “Нақшаи миёнамуҳлат оид ба кам кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар се баст фаъолиятдошта дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2023-2026” ва “Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023” тасдиқ гардиданд.
Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Р.Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои додашуда дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ба иштирокдорони ҷаласа дастуру супоришҳои мушаххас дод. Хусусан, таъкид гардид, ки рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.