ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР КАРДА ШУД

31-03-2023
31 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.
Нахуст, Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас, гузоришҳои сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм Н.Убайдуллозода “Оид ба пешниҳоди “Маҷмуаи омории соҳаи маориф” ва ректори Донишгоҳи славянии Россия –Тоҷикистон Ф.Машраб “Дар бораи ҳисоботи Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон” шунида шуд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба пешниҳоди омори дақиқ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳамкории зич бо муассисаҳои олии Федератсияи Россия ва тақвияти зарфияти ихтисосҳои омӯзгорӣ, махсусан, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ вобаста ба эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ҷалб намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, қарорҳои ҳайати мушовара супоришҳои қатъӣ дод.
Инчунин гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н.Зайниддинзода “Дар бораи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои хонандагони синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Тӯйчӣ Мирзод, Сунатулло Давлатзода, Фарангис Мирзода)”, “Дар бораи китоби дарсии «Русский язык» барои хонандагони синфи синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Т.В. Гусейнова, Т.И. Гусейнов)”, “Дар бораи «Машқи хат ва хушнависӣ» (дафтари корӣ) барои хонандагони синфи 1-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мураттиб: Ибодулло Абдуллоев)”, “Дар бораи китоби дарсии «Технологияи иттилоотӣ» барои хонандагони синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Комилиён Файзалӣ)”, “Дар бораи китоби дарсии «Баҳисобгирии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: З. Р. Шарифов, С. А.Мирзоев, А. Ш. Шамсиддинзода)” ва дигар китобҳои дарсӣ шунида шуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои иловагӣ - гузоришҳои мудири бахши таҳсилоти томактабӣ Қ.Муҳиддинзода “Оид ба Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7 (6)-солагӣ)”, “Дар бораи тасдиқи Низомномаи “Мураббии соли Тоҷикистон””, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Д.Ализода “Дар бораи “Тартиби гузаронидани мусобиқаи “Маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ””, “Дар бораи “Тартиби гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони “Сарояндаи беҳтарин””, “Дар бораи “Тартиби гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони “Рассоми беҳтарин”, Дар бораи “Тартиби гузаронидани олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи “Дастурамал оид ба таҳия ва тасдиқ намудани барномаи кории фанни таълимӣ (силлабус) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон””, “Дар бораи ”Низомномаи намунавии шӯрои омӯзгорон (олимон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон””, директори Маркази ҷумуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Н.Саломиён “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе аз қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Н.Мирзозода “Дар бораи “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба тасдиқи “Низомномаи таҳсили ғоибонаи равия ва ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н.Зайниддинзода “Дар бораи тағйиру иловаҳо ба “Накшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2023”” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон