ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ ОИД БА ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД

22-05-2019
22-юми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Азим Иброҳим-муовини Сарвазири мамлакат ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар   кори ҷаласа аз рӯи рӯзномаи Шӯро масъалаҳои пешниҳошуда мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
 С. Давлатзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2012, №144 «Дар бораи тадбиқи Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020» баромад намуд. 
Зимни баррасии масъалаи мазкур муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати бартараф кардани мушкилии норасии кадрҳои омӯзгорӣ дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва омода кардани кадрҳо барои бозори меҳанати дохил ва хориҷи кишвар, иштироки вазоратҳои марбута, иттифоқҳои касаба, ассатсиатсияи соҳибкорон ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.
С. Давлатзода иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ Вазорати маориф ва илм бо ду агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ қарордод ба имзо расонид. 
Инчунин, зимни сухани ҷамъбастӣ С. Давлатзода ҷиҳати аз такмили ихтисос ва бозомӯзии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳо, муайян намудани рейтинги муассисаи таълимӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи корхонаи давлатӣ бо бахши хусусӣ, ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар корхонаҳои саноатӣ (давлатӣ ва хусусӣ), бо назардошти талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва рақобатпазир ва ифтитоҳи ихтисосҳои нав, таъсиси гурӯҳҳои таълимашон бо забони англисӣ ва русӣ, таҳия, мувофиқа ва тасдиқи дуҷонибаи созишномаҳо оид ба эътирофи дуҷонибаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ, баргузории таҷрибаомӯзӣ ва таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор аз рӯи самтҳои техникӣ ва технологӣ дар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд ва чанде дигар аклифу пешниҳодотро манзур намуд. 
 Сипас, раиси Шӯро Азим Иброҳим қайд намуд, ки вазорату идораҳои дахлдорро мебояд баҳри дуруст ба роҳ мондани маблағҳои бӯҷетӣ дар самти тайёр намудани мутахассисон диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа А. Мирзозода-муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2012, №200 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» гузориш дод.
Дар рафти ҷаласа пешниҳод ва назари аъзоёни Шӯро шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО