ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МУОВИНОНИ РЕКТОР ОИД БА ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

19-12-2023
19 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз намуда, қайд кард, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона ва илмҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф Вазорати маориф ва илм Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таъсис дод.
Сипас, ҷаласа тибқи рӯзнома баргузор гардида, оид ба вазъи амалишавии бандҳои дахлдори самти илм ва инноватсияи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм - Сироҷиддин Ниёзӣ суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2020, №526 «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба тасвиб расида аст. Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, № 526 аз 31.12.2020 №2567 ба тавсиб расонида, ҷиҳати амалишавии бандҳо он фаъолияти пурсамар намуда истодааст.
Вобаста ба масъалаи баррасишаванда аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм ба Шуро ва аъзоёни он дастур дода шуд, ки бандҳои Низомномаи магистратураро дар якҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор дода, ба ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тавсиб расонидан то охири моҳи январ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон, оид ба масъалаи дуюм - баррасии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016, №66 «Дар бораи Низомномаи магистратура» низ баромади Ниёзӣ Сироҷиддин - сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм шунида шуд. Гуфта шуд, ки дар баргузории ҷаласаи якуми Шуро, ки 24 феврали соли 2023 баргузор гардида буд, ба ноибони ректор оид ба илм ва инноватсия дастур дода шуда буд, ки оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016, №66 “Дар бораи Низомномаи магистратура” фикру пешниҳодҳояшонро ба тариқи хаттӣ ва электронӣ ба раёсати илм ва инноватсияи вазорат пешниҳод намоянд. Раёсати илм ва инноватсия пешниҳоду таклифоти муассисаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба низомномаи болозикр тағйроту иловаҳо ворид намудааст.
Сипас раёсати илм ва инноватсия муваззаф гардид, ки замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016, №66 “Дар бораи Низомномаи магистратура”-ро бо назардошти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар он ҷо зинаи магистратура фаъолият менамояд, барои бознигарӣ ирсол намояд.
Дар идомаи ҷаласа гузоришҳои Муминзода Некруз – сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия оид ба татбиқи «Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» миёни магистрони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маърузаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон – Сафаров Баҳром оид ба «Дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» шунида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки қабл аз баргузории ҷаласаи мазкур дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоиши дастовардҳои донишҷӯёну устодони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илм ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносии милливу ватандӯсти комёбиҳо таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз баргузории ҷаласа аъзои Шуро аз намоиши дастовардҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дидан карданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон