ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

25-04-2022
25-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва директорони мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта иштирок намуданд.
Дар ҷаласа гузориши Ҳ.Вализода-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ “Оид ба ҳолати иҷрои талаботи бандҳои қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илм”, гузориши Р.Мирзозода-директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ “Оид ба рафти амалишавии барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе (интихобан)”, гузориши Қ.Муҳиддинзода-сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ “Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таълимии хусусӣ”, гузориши Л.Наврӯзов-сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон “Дар бораи ҳисоботи сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва гузориши Ҷ.Бобоҷонов-сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак “Оид ба санҷиши вазъи таълиму тарбия ва таъминоти иҷтимоии хонандагони мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта” шунида шуд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва олимпиадаҳо, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб намудани омӯзгорон, таҳияи дурусти сарбории омӯзгорон ва тасдиқи нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, назорати тақсимоти кредитҳо дар ихтисосҳои ҳамгирои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдак, истифодаи мақсадноки заминҳои наздимуассисавӣ ва маблағҳои ҷудошуда барои таъмири мактаб-интернатҳо ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.