ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ИЮН

21-06-2024
21-уми июни соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар кормандони соҳа ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа вазири маориф ва илм иброз дошт, ки мо кормандони соҳаро зарур аст ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо, тибқи талаботи замони муосир сохтани биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари хонандагон ҷиҳати иштирок дар озмуну олимпиадаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва ҷоннок намудани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба таври зарурӣ фаъолият намуда, тамоми иқтидори худро сарф намоем.
Аз рӯйи масъалаи якум ҳисоботи сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Бахтовар Файзуллозода “Оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф, ки дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки тариқи Вазорати маориф ва илм амалӣ карда мешаванд” шунида шуд.
Сипас, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода “Дар бораи ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 ва таҳлили сифатии он” баромад намуд.
Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон